Имрӯз дар толори “Душанбе Экспо” Намоишгоҳ ярмаркаи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2025” оғоз гардид. Намоишгоҳи мазкур аз ҷониби Палатаи савдо ва санотаи кишвар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ки дар он наиояндагони беш аз 60 ширкатҳои бонуфузи ватанию хориҷӣ аз Тоҷикистон, Узбекистон, Беларус, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Арабистони Саудӣ ва Чин маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд.
Зимни ифтитоҳи Намоишгоҳи мазкур таъкид гардид, ки Намоишгоҳи «Тоҷикистони- 2025», уневерсиалӣ буда, дар як майдон намояндагони бахшҳои мухталифи саноат, тиҷоратва хизматрасониро гирди ҳам овард. Инчунин гуфта шуд, ки баргузории намоишгоҳ ба густариши минтақавӣ фаъолияти иқтисодии ширкатҳои иштироккунанда ва пешбурди маҳсулоти истешсолкунандагони ватанӣ равона карда шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ширкатҳои ватанӣ аз тамоми манотиқи Тоҷикистон низ дар ин намоишгоҳи ба таври васеъ намояндагӣ намуда, маҳсулоту хизматрасониҳои инноватсионии худро муаррифӣ менамоянд. Дар байни иштирокчиёни ватанӣ ҶСП «Душанбе Сити Бонк», ҶДММ «Спитамен Иншуранс», ҶДММ «Шоколатиер», КВД «Саноатсодиротбонк», ҶДММ «Солеҳ Пластик», Донишгоҳи кушоди ОФИНУ Донишгоҳи кушоди инноватсионии гизо, ҶДММ «Рухом», ҶДММ «Титан 8888», ҶДММ «INSTAYG Inc», ҶДММ «Афзалият», «Кавсар Продукт», «Арча», «Ширкати Тина Санат». Гурӯҳи ширкатҳои «Фаровон», ҶДММ «Колинҳои Кайроқум». ҶДММ «Шамс-К». ҶДММ «Точфилиз», ҶДММ «Довар-2015», ҶДММ «АДЛ», ҶДММ «Молочная радост», ҶДММ «Тоҷик электрокомплект», «Сиёма», ҶДММ «Шахлои Ватан», ҶДММ «Вежа Фарма», ҶДММ «Панацеа ЦМУ», ҶДММ «Меваи Заррин», ҶДММ «Нерӯи канд», ҶДММ «Дехаи ман» ва дигарон.
Тамошобинони намоишгоҳ таий се рӯз метавонанд бо фаъолияти корхонаҳо шинос шуда, маҳсулоти саноати сабук ва хӯрокворӣ, инчунин тӯҳфаҳои ёдгориро харидорӣ намоянд.
Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”
