Имрӯз Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» дар ҳамбастагӣ бо нашрияи ҳукуматии рӯзномаи «Народная газета», бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар ва рӯнамони ду дастури библиографӣ «Корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992-2024) ва Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар саҳифаҳои «Народная газета»». ҷилди 2., (1997-2000), баргузор намуданд.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» доктори илми педагогика, профессор Файзализода Ҷумъахон Хол оғоз гардид.
Хизматҳои шахсияти беназиру хирадманд Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллии точик, барқарории ҳокимияти сиёсӣ дар кишвар, таҳкими истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқарор кардани сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият хеле бузург аст.
Санаи 14-уми ноябри соли 2016 пас аз ба тасвиб расидани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар боран Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат» мавқеъ ва мақоми Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвияти бештар ёфт.
Таъсиси сохторҳои муҳими давлатӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон, аз чумла Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Маркази омўзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ва боз чандин иқдомоти наҷиби сохтору мақомоти давлатӣ ва шахрвандони мамлакат нишондиҳандаи мавқеи устувори маснади Президент ва ниҳоди президентӣ дар сохтори давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбанд.
Баъдан, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонону ҳозирини мизи мудаввар, доир ба хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баёни андеша намуданд.
Дар хотима миёни меҳмонон ва ҳозирини мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубодилаи афкор сурат гирифт.
Шоистаи Аҳмад,
радиои «Тоҷикистон»
