СЕМИНАР-МАШВАРАТ ОИД БА ТАКМИЛИ ДОНИШ ВА АРЗЁБИИ ХАВФҲО БАРОИ НИЗОМИ ОГОҲСОЗИИ БАРМАҲАЛИ БИСЁРХАТАР

Имрӯз дар меҳмонхонаи «Рӯми»-и шаҳри Душанбе семинар-машварат оид ба такмили дониш ва арзёбии хавфҳо барои низоми огоҳсозии бармаҳали бисёрхатар баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист ширкат доштанд.

Дар семинар таъкид шуд, ки системаҳои огоҳсозии бармаҳал яке аз роҳҳои муассири пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба шумор мераванд. Ин гуна системаҳо имконият медиҳанд, ки мардуми минтақаҳои осебпазир сари вақт аз хатарҳо бохабар шуда, барои наҷоти ҷони худ ва ҳифзи амвол чораҳои зарурӣ андешанд.

Ин чорабинӣ дар доираи лоиҳаи муштараки Ҳукумати Швейтсария ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ таҳти унвони «Тақвияти муқовимат ба офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон» баргузор мегардад.

Семинар то 14 ноябр идома меёбад ва ҳадафи асосии он — боло бурдани савияи дониш, баланд бардоштани сатҳи ҳамоҳангсозии сохторҳои давлатӣ ва тақвияти системаи огоҳкунии барвақтӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Муҷиддини Сайфиддин,
Радиои Тоҷикистон