Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе дар мавриди муҳимтарин руйдоду таҳаввулоти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар матолиби хабарӣ ва таҳлилӣ нашр кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 11 май мақолае бо номи “Лоҳур, об, об, об…” нашр карда, мушкилоти сокинони Ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакиро матраҳ кардааст, ки 25 сол боз аз беобӣ ранҷ мекашанд, дар ҳоле ки дар фосилаи 8 километр аз рӯди Кофарниҳон ва 15 километр аз маркази ноҳия ба сар мебаранд.
Муаллифи мақола Муҳаммад Саидвалӣ аз қавли сокинони маҳаллӣ навиштасст, ки замони шуравӣ марудми ин деҳот аз оби нӯшокиву полезӣ танқисӣ надоштанд, зеро об аз рӯди Кофарниҳон ба воситаи қубурҳо бо ёрии 3 пойгоҳи обкаш бароварда мешуд ва дар каналу ҷӯйборҳо дар минтақаи Лоҳур ҳамавақт об ҷорӣ буд. Ғуломҷон Ғуломзода, раиси Ҷамоати деҳоти Лоҳур, гуфтааст, ки беобӣ боиси камҳосилӣ ва аз гардиши кишоварзӣ дур мондани қисми зиёди заминҳо дар деҳоти Лоҳур гардида, аз 1200 гектар замини обии ҷамоат танҳо 500 гектар бо мушкилӣ бо об таъмин мегарданд.
Ба навиштаи муаллиф, дар 14 деҳаи Ҷамоати деҳоти Лоҳур 25 ҳазору 638 нафар ба қайд гирифта шуда, сокинони 9 деҳа аз оби ошомиданӣ маҳруманд. Дар ҳоле ки интиқоли об аз дарёи Кофарниҳон тавассути лӯлаҳо ба ин минтақа тахминан 10 километрро дар бар мегирад. Аммо бо гузашти ин қадар вақт ва муроҷиату шикоятҳои пайдарпайи сокинон то ҳол ҷиҳати пурра бартарф намудани мушкилоти ҷойдошта коре ба сомон нарасидааст. То кай беобӣ дар ин минтақа идома меёбад ин саволест, ки масъулон бояд посух гӯянд.
“Ҷумҳурият” дар матлаби дигаре хабар додааст, ки шоми 11 май бо дастури Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Рустам Назарзода ба маҳали аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Муъминободи вилояти Хатлон сафарбар гардиданд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Муъминобод бар асари боришоти зиёд ва омадани сел манзилҳои истиқоматӣ, хатҳои барқ ва роҳу пулҳо зарар дидаанд. Мутаассифона, талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, бо супориши Сарвари давлат гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз мавзеъҳои бар асари офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвон боздид ба амал овард.
Бо дастури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хисороти ба хоҷагии халқи ин шаҳру ноҳияҳо расидаро муайян сохта, барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ тадбирҳои бетаъхир амалӣ менамояд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 8 май бо нашри матлабе навишт, ки бо ҳадафи амалӣ кардани чорабиниҳои аввалиндараҷа марбут ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ба буҷети давлатӣ барои соли 2021 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Аз ҷумла тибқи ин тағйирот, бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзон ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ дар шароити бемории сироятии фарогири COVID -19 кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне, соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда мешаванд. Бад ин тартиб наздики 140 млн. сомонӣ маблағ аз ҳисоби андози ягонаи замин ба даромади хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кишоварзон зам мешавад.
Дар баробари ин бар асоси тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи буҷети давлатии соли 2021 зиёд маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли 2021 изофатан ба маблағи 196,5 млн. сомонӣ зиёд карда мешавад. Ин маблағҳо барои хариди таҷҳизоти муосири тиббӣ, тестҳои оҷилӣ, доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ масраф хоҳанд шуд.
Нашрияи “Садои мардум” дар матлаби дигаре бо номи “Ба осиёби кӣ об мерезӣ, Кабирӣ?!” менависад, дар он шабу рӯзҳо ҳазорон нафар дар ҳама манотиқи кишвар ба ҳам омада, омодагиро барои дифоъ аз марзу буми Тоҷикистон изҳор доштанд, вале буданд, нафароне, ки аз ин вазъият барои ғаразҳояшон истифода карданд.
Ба навишати муаллиф яке аз онҳо раиси ҳизби мамнӯи наҳзат ва «Паймони миллӣ 24», Муҳиддин Кабирӣ аст, ки муроҷиати видеоии ӯ нахуст аз тариқи сомонаю шабакаҳои Қирғизистон, ки ҳоло бо мо дар ҳолати ҷанги иттилоотӣ қарор доранд, нашр шуд.
Муаллиф суол гузоштааст оё нафаре, ки худро ҳомии манофеи давлату миллат меангорад, дар ин рӯзҳо, ки ҳама ба рағми ғаразҳои сиёсию қавмӣ, гуруҳӣ, шахсӣ аз мавқеи Давлати Тоҷикистон ҳимоят мекунанд метавонад аз бедодгариҳои ҷониби дигар ба баҳонаи он ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба гуруҳе аз ҳаммиллатони мо сарпаноҳ дода буд, сарфи назар намояд?
Ба хулосаи муаллиф агар тибқи суханони ӯ амал кунем, мебоист ба ҳар амалу бедодгарии ҳамсоя, ки анқариб бист сол дар сарҳад бо шаҳрҳои Исфараю Бобоҷон Ғафуров идома меёбад, минбаъд низ лаббайк бигӯем. Бо ин кор Кабирӣ бори дигар собит намуд, ки аз халқу миллати тоҷик дар канор аст ва ба манфиатҳои миллӣ арзиш қоил нест.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 11 май аз сафари Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Русия, ки дар рӯзҳои таҷлили 76 солгаии пирӯзи дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, натиҷагирӣ кардааст. Нашрия менависад, ки президенти Тоҷикистон танҳо меҳмони воломақом дар гузашти низомӣ дар майдони сурхи Маскав буд.
Ба навиштаи муаллиф дар ҷараёни дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин аввалан масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ, баъдинаи вазъияти Афғонистон дар пасманзари хуруҷи неруҳои амрикоӣ ва инчунин мушкилоти марзӣ бо Қирғизистон матраҳ шудааст.
Нуктаи аз ҳама ҷолиби ин сафар он аст, ки президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери навои суруди миллии Тоҷикистон бар пояи оромгоҳи сарбози гумном дар боғи Александров, гулчанбар гузошт. Ҳамзамон шабакаҳои телевизионии Русия, ки ин маросимро мустақиман пахш мекарданд, аз нақши мардуми Тоҷикистон дар пирӯзи бар олмони фашистӣ сухан гуфта, таъкид карданд, ки ин ғалаба – ғалабаи муштараки ҳамаи мардуми собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аст.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигари худ, аз қавли Хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд навиштааст, ки соли 2021 30 оила аз ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ба ноҳияи Зафаробод кӯчонида мешаванд. Муаллиф навиштааст, ки дар умум то соли 2023 бояд 100 хонавода аз Куҳистони Мастчоҳ ба ноҳияи Зафаробод муҳоҷарат кунанд. Ҳадаф аз ин иқдом ба мавзеҳои бехавф кучонидани аҳолӣ ва инчунин аз ноҳияҳои камзамин ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобида кӯчонидани муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ гуфта мешавад.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи ахираш аввалин тоҷикдухтар барои таҳсил дар донишгоҳи Сетнфорд грант дарёфт кард. Нашрия менависад, ки Хосият Ориповаи 17 сола аз шаҳри Хуҷанд соҳиби гранти омӯзишӣ ба маблағи 350 ҳазор доллар барои таҳсил дар донишгоҳи Стенфорд шудааст.
Донишгоҳи мазкур ба сегонаи беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон шомил аст. Худи Хосият Орипова таъкид кардааст, ки барои расидан ба ин муваффақият пеш аз ҳама ба ӯ таваҷҷуҳи ҳамешагии аҳли хонаводааш барои омӯхтани илм ва забонҳои хориҷӣ, кӯмак кардааст.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 12. 05. 2021 дар мақолае бо номи “Пеш аз Ид нарх “осмонӣ” шуд”, аз афзоиши бесобиқаи нархҳо як рӯз қабл аз Иди Рамазон ба шиддат интиқод кардааст. Ба навиштаи муаллиф як рӯз қабл аз Ид дар бозор ва фурӯшгоҳҳои вилояти Хатлон нархи тамоми анвои маҳслуоти ниёзи аввал, аз қабили гӯшт, тухм, мевагӣ ба маротиб афзоиш ёфт, аммо масъулини Хадамоти зиддиинисорӣ дар вилоят мегӯянд, ки ягон ҳолати беасос гарон шудани нархҳоро ошкор накардаанд.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар матлаби дигаре хабар додааст, ки дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон надики 1600 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони тақрибан 1200 гектар ошкор карда шудааст.
Ба навиштаи ин манба, нафароне, ки ба қонуншиканӣ даст задаанд, ба маблағи 614 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуда, аз ин маблағ 507 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби махсуси кумитаҳои замини шаҳру ноҳияҳо ворид карда шудааст. Нашрия дар фарҷом бори дигар таъкид ёдовар мешавад, ки замин моликияти истисноии давлат буда, хариду фурӯш ва худсарона ғасб кардани он ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад.
Зиёратшои Аҳмадшо
Радиои “Тоҷикистон