Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» ҷаласаи навбатии ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ иштирок карда, масъалаҳои гузаронидани даври чоруми озмун, интихоби аъзои ҳакамон ва фаъолияти комиссияи аппелятсионии озмунро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар оғози ҷаласа муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ суханронӣ карда, қайд намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” соли ҳафтум аст, ки баргузор мешавад ва имсол ҷиҳати ҳавасмандию ҷалби бештари иштирокчиён бо ибтикори Президенти мамлакат, муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон мукофотпулии ғолибони даври ниҳоии озмун ду баробар зиёд карда шуд. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки ба хотири таъмини шафофияти озмун, агар яке аз шогирдон, фарзандону пайвандони ҳайати ҳакамон ва ё аъзои ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ, дар озмун иштирок намоянд, ин нафарон бояд аз шомил шудан ба ҳайати ҳакамон ва ё аъзои ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ даст кашанд.
Дар идомаи ҷаласа Вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода баромад карда иброз намуд, ки мувофиқи тағйиру иловаҳои ба низомномаи озмун воридгардида имсол номинатсияи эҷоди назм ва наср берун карда шуда, озмун аз рӯи чор наминатсия гузаронида мешавад. Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки имсол дар даври ниҳоии озмун 432 довталаб аз тамоми қаламрави кишвар, инчунин 3 нафар ҳамватани бурунмарзиамон иштирок менамоянд.
Ҳамчунин дар ҷаласа гуфта шуд, ки даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз пагоҳ, 14 ноябр оғоз шуда, то 1 декабри соли равон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» идома мекунад. Дар ин муддат аз ҷониби комиссияи ҷумҳуриявии озмун хатсайрҳо ташкил гардидааст, ки иштирокчиён дар вақтҳои холии худ метавонанд, аз маконҳои таърихию фарҳангӣ ва илмию фароғатии шаҳри Душанбе дидан кунанд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои «Тоҷикистон»
