Лаънаткардаи халқ

Ҳолатҳои фавқулодаву истисноӣ зуд сиришти одамро менамоёнанд. Даргириҳои ғайриинтизори марзӣ ҳамаро рӯ занонд. Ин бӯҳрон бурҳони қотеъи якпорчагии миллат дар рӯ ба рӯ бо адӯ гашт. Ҳама аз як гиребон сар боло карданд. Ба ҷуз як гурӯҳе, ки бо дасти худ гӯри худро шитобон жарфу чуқур канд. Номи ин гурӯҳро наоварда, итминон дорам, ки шумо ба хотир овардед.

Оре! Оре! Ҳамонҳо!!!

Ҳоло дарк мекунам, ки чаро Кабирӣ дар Фейсбук нест. Ин ҷо бояд бо мардум баҳс орост, ба пурсишҳо посух дод. Дӯст ё душман ёфт. Ситоиш ё нафрин шунид. Лаҳза ба лаҳза. Он-лайн. Бе мушовир. Бе ёвар. Дар Фейсбук зуд аён мешавад, ки дар кӯза чӣ дорӣ?

Ворух кӯзачаи Муҳиддин Кабириро шикаст. Пора-пора кард. Миллат дид, ки дар он кӯза ба ҷуз оби гандида ва кирму чирм чизе нест. Костюмҳои рангобаранг, аз худ “аврупоӣ” вонамуд кардан, ҷилваҳо ва комментҳои супоришӣ, мисли “президенти оянда”, “доктор”, “Навалнии тоҷику Пашиняни Машриқ” кӯмак накарданд.

“Алломаи даҳкитоба” гоҳ ба наъл мезаду гоҳ ба мех. Ҳатто ба русӣ ба тарафи дигари ҷанг муроҷиат намуд. Ин худширинкунӣ рӯзи ӯро талх кард, зеро об рехтан ба осиёи душман буд. Ба ҳеҷ кас дар ин рӯзҳо ин қадар нафрин нахондаанд, ки ба ӯ. Бори нахуст лаънати умумимиллиро дар ҳақи як нафар мебинам.

Дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон як нафар на танҳо бо дастони худ гӯри худро канд, балки яккамахав шуд. Ҳеҷ гоҳ, дар ҳеҷ ҳолат ягон каси солимақл ба чунин шахс намепайвандад. Хоҳ шоли афғонӣ ба гардан кунад, хоҳ галстуки аврупоӣ. Хоҳ ришу фаш монад, хоҳ поку покиза поку занад. Хиёнат ба Ватан гуноҳи нобахшиданист ва ҷазояш ногузир асту бахшиш надорад.

Саломиддин Мирзораҳматов,

журналист