КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии илмӣ, ки ба нақши технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар таъмини рушди устувор бахшида шудааст, баргузор гардид.

Чорабинӣ дар IT Park-и шаҳри Душанбе доир шуда, олимон, коршиносон, омӯзгорон ва мутахассисонро аз кишварҳои гуногун ба ҳам овард. Ташкилкунандаи конфронс Институти технологияҳо ва зеҳни сунъии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад.

Дар кори конфронс намояндагони донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ ва сохторҳои давлатӣ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркия ва дигар кишварҳо иштирок намуданд.

Зимни конфронс масъалаҳои муҳими рушди технологияҳои рақамӣ, таъсири онҳо ба ҷомеа ва иқтисод, инчунин мубодилаи таҷриба ва натиҷаҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун ва нақши он дар расидан ба рушди устувор таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Барномаи чорабинӣ суханрониҳои коршиносони пешбар, маърӯзаҳои услуби TED, ҷаласаҳои мавзӯӣ, муҳокимаҳои панелӣ, инчунин вохӯриҳои B2B ва сессияҳои нетворкингро дар бар гирифт. Дар доираи конфронс намояндагони ҷомеаи илмӣ ва таълимӣ, аз ҷумла профессорҳо, докторони илм ва мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсия суханронӣ намуданд.