Бо истифодаи самараноки замин ва меҳнати саривақтии кишоварзон имрӯзҳо дар саҳроҳои ноҳияи Дӯстӣ ҳосили фаровони сабзавоту зироати гуногун ба даст омада, ҷамъоварии он бо маром идома дорад. Фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ бозгӯи заҳмати софдилонаи деҳқонон ва истифодаи дурусти имкониятҳои табиӣ буда, пеш аз ҳама ба таъмини талаботи бозори истеъмолӣ равона гардидааст.
Истифодаи мақсадноки ҳар қитъаи замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва рӯёнидани ҳосили фаровону хушсифат аз самтҳои афзалиятноки сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад кишоварзони вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Дӯстӣ, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ кӯшиш намуда, аз имкониятҳои мавҷудаи замину иқлими мусоид самаранок истифода мебаранд.
Айни ҳол дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ҷамъоварии ҳосили сабзавоти барвақтӣ оғоз гардида, маҳсулоти тару тоза ба бозорҳо пешниҳод карда мешавад. Пиёзи барвақтӣ, картошка, карам, гулкарам ва лаблабуи сурх аллакай бозорҳои дохилӣ ва бозорҳои пойтахтро таъмин намуда истодаанд. Ба гуфтаи мутахассисон, имсол махсусан ҳосили пиёз фаровон буда, аз ҳар гектар зиёда аз 600 сентнер ҳосил ба даст оварда мешавад, ки ин нишондиҳандаи баланд арзёбӣ мегардад.
Мутахассисони соҳа таъкид мекунанд, ки нигоҳубини саривақтӣ ва истифодаи усулҳои муосири кишоварзӣ имконият додааст, ки сифати маҳсулот беҳтар гардида, ҳосилнокӣ афзоиш ёбад. Намунаи равшани чунин муносибати оқилона ба заминро метавон дар хоҷагии тухмипарварии ба номи Эргаш Султонов мушоҳида кард. Дар ин хоҷагӣ даҳҳо номгӯи зироат парвариш ёфта, корҳои агротехникӣ, аз ҷумла нармкунии байни қаторҳо, ғизодиҳӣ ва обёрии саривақтӣ бо истифода аз техникаи муосир амалӣ мегарданд.
Ба гуфтаи масъулони хоҷагӣ, истифодаи дурусти замин имкон медиҳад, ки дар як сол то се ҳосил рӯёнида шавад. Масалан, баъди ҷамъоварии як зироат, дар ҳамон қитъа кишти дигар зироат ба роҳ монда мешавад, ки ин ба баланд гардидани самаранокии истифодаи замин мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, дар хоҷагӣ кишту парвариши зироати ғизоӣ ҳам дар майдонҳои кушод ва ҳам дар гармхонаҳои мавсимӣ ва доимамалкунанда ба роҳ монда шудааст. Ин таҷриба имкон медиҳад, ки дар тамоми фаслҳои сол истеҳсоли маҳсулоти тару тоза идома ёбад ва бозорҳо пайваста бо сабзавоти ватанӣ таъмин гарданд.
Кишоварзон низ аз имкониятҳои фароҳамгардида изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид мекунанд, ки замин барои онҳо манбаи асосии рӯзгор ва баракат аст. Онҳо бо меҳнати ҳалол на танҳо зиндагии худро пеш мебаранд, балки дар таъмини амнияти озуқавории кишвар низ саҳми назаррас мегузоранд.
Дар маҷмӯъ, истифодаи самараноки замин ва рушди босуботи соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Дӯстӣ нишонаи татбиқи амалии сиёсати аграрии давлат дар маҳал буда, барои фаровонии бозор, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими амнияти озуқавории кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
М. Акрамов,
радиои “Тоҷикистон”
