14 апрел дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ҳайати расмии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Сарвазир Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо ноиби президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Шерард Каупер-Коулз мулоқот анҷом дод.
Тавре аз ҷониби Шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода шуд, дар ҷараёни мулоқот рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак баррасӣ гардида, саҳми бонк дар маблағгузории тарҳҳои калидӣ, аз ҷумла НБО «Роғун», таҷдиди НБО «Норак» ва сохтмони роҳу пулҳо муҳим арзёбӣ шуд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо ба зарурати густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетикаи «сабз», рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва ҷалби сармоягузориҳои дарозмуддат барои рушди устувори иқтисодӣ таъкид карданд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон новобаста ба таъсири омилҳои беруна суботи макроиқтисодиро нигоҳ дошта, ислоҳоти иқтисодӣ ва ҷалби сармояи хориҷиро идома медиҳад. Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз намуданд.
Дар мулоқот инчунин вазири молия, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар намояндагони расмӣ иштирок доштанд.
