Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ ва бозтоби он дар қаринаи ҳамкориҳои минтақавӣ» баргузор гардид.
Дар кори конфронс роҳбарияти Марказ, сардорон ва кормандони раёсатҳо, инчунин намояндагони вазорату идораҳо, коршиносони ватанӣ ва мутахассисони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии кишвар иштирок намуданд. Конфронсро мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Саидмурод Фаттоҳзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ин ҳамоиши муҳими илмӣ хушомадед гуфт. Мавсуф таъкид кард, ки баррасии ин мавзуъ дар шароити ҳассоси геосиёсии минтақа ва ҷаҳон, инчунин дар заминаи афзоиши тамоюлҳои гуногуни фарҳангӣ, аз ҷумла талошҳои азхуднамоии арзишҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик, иқдоми саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ мегардад.
Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ барои эҳё ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии миллӣ тадбирҳои муассир андешидааст. Иқдомҳои созанда дар самти таҳкими худшиносию худогоҳӣ ва эҳёи хотираи таърихии миллат, аз ҷумла ташкили озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат», «Шоҳномахонӣ» ва «Тоҷикон — оинаи таърихи миллат» аз зумраи чунин иқдомҳо ба ҳисоб мераванд. Таъкид карда шуд, ки баргузории ин гуна озмунҳо ба баланд гардидани шавқу рағбати ҷавонону наврасон ба китобхонӣ, илмомӯзӣ ва эҷодкорӣ мусоидат намуда, дар маҷмӯъ барои таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи арзишҳои таърихӣ нақши муҳим мебозанд. Зимни конфронс иштирокчиён бо маърӯзаҳои илмӣ дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла “Арзёбии дастовардҳои 35-соли сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муаррифии саҳми Тоҷикон дар ташаккули тамаддуни башарӣ”, “Василаҳои асосии бозтоби густурдаи саҳми тоҷикон дар тамаддуни Осиёи Марказӣ”, “Маҷмуаи таърихии Пешвои миллат ҳамчун сарчашмаи омӯзиши саҳми тоҷикон дар тамаддуни Осиёи Марказӣ”, “Мушкилотҳои минтақашиносӣ дар Осиёи Марказӣ”, “Арзёбии монеаҳо дар самти ҳифз ва эҳёи мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Нақши Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳифз, таҳқиқ ва муаррифии тамаддуни ориёӣ” баромад намуданд. Дар ҷараёни муҳокима таъкид гардид, ки арзишҳои таърихию фарҳангӣ маҷмӯи анъанаҳо, урфу одатҳо, забон, адабиёт, санъат ва мероси маънавии миллатро фаро гирифта, ҳамчун пояи асосии худшиносии миллӣ хизмат мекунанд. Таъкид шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ аҳаммияти бештар пайдо намуда, истифодаи технологияҳои муосир метавонад самаранокии ин равандро ба таври назаррас баланд бардорад. Фановариҳои муосир имконият фароҳам меоранд, ки мероси миллӣ ҳифз гардида, ба таври васеъ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда шавад. Дар идомаи конфронс нақши осорхонаҳо, махсусан Осорхонаи миллии Тоҷикистон, дар ҳифз, таҳқиқ ва муаррифии тамаддуни миллӣ баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки осорхонаҳо ҳамчун марказҳои муҳими илмӣ ва фарҳангӣ на танҳо барои нигоҳдорӣ, балки барои омӯзиш, таҳқиқ ва тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ хизмат мекунанд. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 100 осорхонаи гуногун фаъолият дошта, бо дарназардошти осорхонаҳои муассисавию мактабӣ шумораи онҳо ба зиёда аз 400 мерасад. Дар солҳои охир бунёд ва таҷдиди осорхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар густариш ёфта, барои сокинон ва меҳмонони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар фарҷоми конфронс таъкид гардид, ки ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии миллат, таҳкими худшиносии миллӣ ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи муосир ба шумор рафта, чунин чорабиниҳо дар татбиқи ин ҳадафҳо нақши муҳим доранд.
Дар ин хусус ҳамкорамон Сураёи Сироҷиддин аз рафти чорабини хабар дод.
