Оила-макони муҳаббат

Аз ҳаёти оиладории як оилаи ботаҷриба аз шаҳри Норак
Мо меҳмони хонаводае шудем, ки хонаи бо муҳаббат сохтаи онҳо шоистаи таҳсин аст. Холаи Идимоҳ 75 сол дорад. Саҳми ӯ на танҳо дар таълиму тарбияи фарзандон, балки наберагону аберагон низ беандоза аст.
-Холаи Идимоҳ, чанд сол аст, ки ҳаёти оиладорӣ доред?
«60 сол мешавад, ҳаёти оиладорӣ дорам. Муйсафедам 4 сол пеш аз ҳаёт гузашт. Ман дар синни 15 солагӣ оила бунёд карда будам. Дар таги чодар ҳамдигарро дидем. Бисёр ҳамдигарро дӯст доштем. Баъд аз тӯй шавҳари маро ба хизмати ҳарбӣ бурданд. Ду сол хизмат карда баргашт. Соҳиби 6 фарзанд шудем. Ҳамроҳи шавҳарам зиндагии осударо паси сар кардем. Ғами дунёро намехӯрдем, ҳамеша меҳмондор будем, меҳнат мекардем. Аз қафои зиндагӣ тарбияи неки фарзандон будем. Ҳамаи онҳоро соҳиби маълумоти олӣ карда,хонадор кардем. Онҳо зиндагии осоишта доранд. соҳиби зо набера 7 абера шудам.
-Шумо гуфтед, ки ҳамеша меҳмондор будед. Барои як духтараке, ки дар синни 15 солагӣ оила бунёд кард, мушкил набуд гуселу қабул, иззату эҳтироми меҳмон, оилаву оиладорӣ?
Ҳеҷ мушкилӣ надошт. Вақте хурд будам, занҳои ҳамсоя келинҳоро танқид мекарданд, таъриф мекарданд. Ҳамин суханҳо пайваста дар гӯшам садо медод. «Вақте оиладор шудам, ман бояд келини намуна бошам», мегуфтам. Ҳарчанд шароити зиндагӣ он вақтҳо он қадар хуб набуд, вале бо вуҷуди ин пурсабр будам, меҳнат мекардам. Он вақтҳо барқ набуд. Бо даст ҷомашӯйӣ мекардам. Хушдоманам дар чакдон нон мепӯхт. Ба ӯ ёрӣ мерасонидам. Як фатири мепӯхтагиаш 12 кило мебаромад. Ҳама корҳоро аз хушдоманам ёд гирифтам. Меҳмондӯстдор будам. Меҳмон меомад, хурсанд мешудам. Меҳмонро ҳамеша бо чеҳраи кушода қабул мекардем. Ҳамроҳи хушдоманам ҳама гуна хӯрокҳои миллӣ мепӯхтем. Аз қабили шакароб, қурутоб, фатирмаска, оши бурида. Ҳамеша меҳмонро иззату эҳтиром мекардам».
-То ҷое фаҳмидем, келини калонӣ ҳамроҳи шумо истиқомат мекунад. Чаро келини хурдӣ не?
Ҳама келинҳоям инсонҳои хубанд. Лекин писари калонӣ маро ба хонааш овард. Бо ҳамсараш ҳамеша иззату эҳтироми маро ба ҷо меоранд. Хушдоманам инсони нек буд. Маро бениҳоят дӯст медошт. Имрӯз ман келинҳоямро дӯст медорам. Бо навбат ба хонаи ҳамаи писаронам меравам. Ҳамаашон, шукр, зиндагии обод доранд. Муҳаббати самимӣ оиларо хушбахт мегардонад».
-Ҳамчун зан-модари рӯзгордида хушбахтии оилавиро дар чӣ мебинед?
«Хушбахтии оилавиро аввалин дар саломатӣ, баъдан дар иззату эҳтироми зану шавҳар, меҳру муҳаббати самимӣ. Ҳамдигарфаҳмиву боварӣ медонам, чунки асоси зиндагӣ ҳамин аст. Як чиз ногуфта намонад, ки дар хушбахтии фарзандон нақши падару модар ва хусуру хушдомани бениҳоят бузург аст. Маҳз бо дастгирӣ ва роҳнамоии чор пиру чор тадбир фарзандони мо хушбахт мешаванд».
-Ба тарбияи наберагону аберагон низ машғуол мешавед?
Бале, ба онҳо афсонаҳо мегӯям. Сипас, онҳо нақл мекунанд, ман гӯш мекунам. Ба иҷро кардани вазифаҳои хонагӣ ба аберагон аҳамияти ҷиддӣ медиҳам. Чӣ хеле ки фарзандонамро барои омӯхтани таълиму тарбия роҳнамоӣ кардам, бо наберагону аберагон низ ҳамин гуна рафтор мекунам.
-Холаи Идимоҳ, ба навхонадорон чӣ маслиҳат медиҳед?
Имрӯза келинҳо бисёр асабианд. Асабошона эҳтиёт кунанд. Ба ҳар як камбудиҳои кӯчак аҳамият надиҳанд. Фарзандонро хуб тарбия кунанд. Агар фарзандро хуб тарбия кунӣ, дар лаҳзаҳои пирӣ роҳаташро мебинӣ. Асос, падару модар ва хусуру хушдоманро эҳтиром кунанд.

Зарина Мухторзода, Радиои Тоҷикистон