Имрӯз дар доираи Форуми байналмилалии “Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз, рақамӣ, ҳушманд” дар меҳмонхонаи “Ҳайат Риҷенсӣ” 2-юм конфронси байналмиллалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва дипломатияи сабз” баргузор гардид.
Дар 2-юм конфронси байналмиллалии илмию амалӣ таҳти унвони “Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва дипломатияи сабз” зиёда аз 150 нафар намояндагон аз вазорату сохторҳои марбута иштирок намуданд. Дар форуми мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Аъзамшоҳ Шарифӣ дар мавриди робитаҳои Тоҷикистон дар самти рушди иқтисоди сабз, ҷалби сармоягузориҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар ин самт суханронӣ намуда, таъкид дошт, мо бо 186 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатиро барпо намуда дар соҳаҳои гуногун ҳамкориҳои судманд дорем. Аз ин рӯ конфронси байналмиллалӣ платформаи хубест барои тавсеаи ҳамкориҳо.
Баргузории ин конфронс дар шароите сурат мегирад, ки масъалаҳои вобаста ба суботи экологӣ, амнияти захираҳои табиӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва тавсеаи ҳамкории байналмиллалӣ ба меҳвари муҳокимаҳои сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд.
Ҳамзамон зимни конфронси байналмиллалии илмию амалӣ гуфта шуд, ки таҷрибаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки ноил гардидан ба натиҷаҳои устувор танҳо дар сурати муттаҳид сохтани имкониятҳои давлат, илм маориф, бахши хусусӣ ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд имконпазир мебошад. Зеро таҳкими асосҳои илмӣ –таҳлилӣ ва такмили низоми идоракунӣ, бидуни ворид намудани техналогияҳои нав ва бе ташаккули фарҳанги нави муносибат ба табиат, иқтисод ва захираҳо, расидан ба ҳадафҳои дарозмуддат ғайриимкон хоҳад буд.
Гулрӯ Ниёззода
радиои “Тоҷикистон”
