Дар таваққуфгоҳи ширкати автомобилбарории BYD-и чинӣ сухтор сар зад. Тавре агентии иттилоотии Reuters хабар дод, алангаи оташ тамоми қисмати бинои бисёрошёнаро фаро гирифт. Дар натиҷаи сухтор мошинҳои ширкати BYD пурра сухта нобуд гардидааст.
Дар ҳамин ҳол расонаҳои хабарии чинӣ иттилоъ медиҳанд, ки сухтор танҳо мошинҳои озмоишӣ ва аз кор баровардашударо, ки дар тавақкуфгоҳ ҷойгир карда шудаанд, фаро гирифтааст.
Коршиносон мегӯянд, ки давомнокии сухтор дар мошинҳои барқӣ нисбат ба мошинҳои муҳаррики дарунсӯхт зиёдтар давом мекунад ва хомӯш кардани оташ дар онҳо душвортар аст.
