Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода бо нашри як муроҷиатнома аз рӯзноманигорон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳиш кардааст, то ҳаводиси дар марз рӯхдодаро боинсофона ва бо далелу рақамҳои таҳрифношуда барои аудитория (хонандаву бинанда ва шунаванда) пешниҳод намоянд.
Дар ин муроҷиатнома, ки ба рӯзноманигорон ва фаъолони Қирғизистон низ тавсия шудааст, навиштаанд, рисолати касбӣ аз журналистон тақозо дорад, ки бояд барои расонидани ҳақиқат ва адолат хидмат намуд. Тибқи меъёрҳои касбиву ахлоқӣ, вазифаи расонаҳо беғаразона, мунсифона ва бидуни эҳсосот пешниҳод намудани мавод роҷеъ ба ҳаводис мебошад.
“Ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ нобаробарии иҷтимоӣ ва тақсими захираҳои обӣ ба моҷарои марзӣ оварда расонда буд. Вале ба ин даргириҳо ва баҳсҳо нуқтаи охир нагузоштанд. Даргириҳо ва талошҳои марзӣ ҳодисаи нав нест, аммо ҳадафи аслии мо бояд инъикоси воқеъбинонаи ин масъалаи ниҳоят доғ бошад. Мутаассифона, чӣ дар расонаҳои чопиву электронӣ ва чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди вазъ иттилои хушунатомез, пур аз эҳсосот ва кинаву адоват пахшу паҳн мегарданд.
Мо, журналистон дар чунин вазъ бояд ба эҳсосот дода нашавем, балки ҳамаи масоилро дар тарозуи адлу инсоф баркашида, сабаби домана задани алангаи нафрату оштинопазирӣ набошем. Бо риояи меъёрҳои ҳирфавӣ ва ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар расонидани иттилои дурусту беғараз ва орӣ аз ҳангомаҷӯиҳо ба бинанда, шунаванда ва хонандаи худ мусоидат кунем”,-омадааст дар ин муроҷиатнома.
Гуфта мешавад, ки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар баробари дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ташаннуҷи авзоъ дар минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки боиси ҳалокати одамон гардидааст, нигаронии шадиди худро изҳор менамояд.