Дар ҳошияи Форуми “Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор — сабз, рақамӣ, ҳушманд» имрӯз дар меҳмонхонаи “Серена” Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Рушди устувори низоми молиявию қарзӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт» баргузор гардид.
Баргузории чунин чорабинии илмӣ майдону имконияти хеле муҳим барои мубодилаи афкор миёни намояндагони ҷомеаи илмии сатҳи ҷаҳонӣ, мақомоти давлатӣ, мактабҳои олии ватаниву хориҷӣ, муассисаҳои молиявӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ мебошад.
Дар Конфронс директори Агентии коғазҳои қиматнок ва ба қайдгирии махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Абдураҳмонзода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ва дигарон дар мавриди рушди низоми бонкӣ дар кишвар, маблағгузориҳои сабз, фарогирии молиявӣ, ҷалби сармояи сабз, ба муомилот баровардани қоғазҳои қиматноки сабз андешаҳои худро иброз доштанд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, масъалаи рақамикунонии иқтисодиёт ба яке аз самтҳои калидии сиёсати иқтисодии кишварҳо табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин раванд фаъолона иштирок намуда, татбиқи консепсияи иқтисоди рақамиро ҳамчун яке аз афзалиятҳои стратегӣ муайян кардааст.
Рушди устувори низоми молиявию қарзӣ дар чунин шароит на танҳо омили суботи иқтисодӣ, балки воситаи асосии таъмини рушди дарозмуддати иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад.
Дар солҳои охир низоми молиявӣ-бонкии Тоҷикистон рушди назаррасро нишон медиҳад, ки афзоиши дороиҳо ва сандуқи қарзии бонкҳо, болоравии даромаднокии онҳо, афзоиши нақши бонкҳо дар иқтисод, рушди қарздиҳӣ ва дастгирии соҳибкорӣ исботи ин гуфтаҳост.
Барои бартараф намудани мушкилот дар ин самт ба монанди сатҳи пасти рақамисозии хизматрасониҳо, маҳдудияти дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ дар минтақаҳо, тадбирҳо бояд андешида шаванд.
Дар анҷом бори дигар қайд гардид, ки рақамикунонӣ барои рушди иқтисод, алалхусус низоми молиявӣ-қарзӣ заминаи навро фароҳам оварда, шаффофиятро зиёд мекунад, хароҷотро коҳиш дода, суръати амалиётҳоро баланд мебардорад ва дастрасии аҳолиро ба хизматрасониҳои молиявӣ беҳтар мекунад. Ҳамзамон, рақамикунонӣ пешорӯи мо масъалаҳои нав, аз ҷумла таъмини суботи молиявӣ, амнияти киберӣ ва такмили заминаи меъёрии ҳуқуқиро ба миён мегузорад.
Дар чунин шароит рушди сармояи инсонӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамӣ ва молиявӣ, инчунин омодасозии мутахассисони баландихтисос аҳамияти махсус касб мекунад.
Чорабиниҳо дар доираи форуми байналмилллалӣ дар дигар самтҳо идома дорад.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”
