Таҷрибаҳо собит намудаанд, ки бо истифодаи маданияти баланди истифодабарии замин мушкилиҳои марбутаи кишоварзиро дар мамлакат барҳам дод. Воқеан табиат ва иқлими кишвари мо имкон медиҳад, ки тавассути истифодаи оқилонаи замин рӯзгорамонро сафо бахшем. Бино ба сабабҳои маълум-тағйирёбии иқлим ва таъсири ҷонкоҳи пандимея дар соли 2020 Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид карданд, ки бояд шаҳрвандони мамлакат аз ҳар як ваҷаб замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва заминҳои байни боғҳо самаранок истифода кунанд, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои рӯёнидани се – чор ҳосил ва дар кишти такрорӣ ҳарчи бештар истеҳсол кардани картошка, ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо (шолӣ, ҷуворимакка, мош, лубиё) равона созанд.
Дар ҳамин ҳол коршиноси соҳа Қурбоналӣ Партоев мегӯяд, ки тавсияҳои сарвари муаззами кишвар саривақтӣ аст, вале ба хотири ҳосили баланд гирифтан пеш аз ҳама ба сифати тухмӣ, баъдан ба корҳои агротехникӣ аҳамият дод. Агар тухмии ватанӣ истифода шавад, ҳатман ҳосили дилхоҳ ба даст меояд.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки кишоварзони соҳибтаҷриба дар як сол аз 2 то ба 3 ва ё зиёда аз он ҳосил ба даст меоранд. Ин тоифа барзгарон пас аз дарави ғаладонагӣ кишти такрориро дар сатҳи баланд роҳандозӣ менамоянд. Доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев мегӯяд, ки кишвари мо беш аз 300 -330 рӯзи офтобӣ дорад, агар марди деҳқон кишти дуюмро саривақт анҷом бидиҳад, онгоҳ барои кишти сеюм замина мегузорад ва ҳамзамон барои ба даст овардани ҳосили баланд имконият фароҳам меорад.
Воқеан кишти зироати лубиёгӣ, ки аз ҷониби мутахассисин тавсия мешавад, барои кишоварзон нафъи бесобиқа дорад. Коршинос Бахтиёр Одинаев аз Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, ки зироати зубиёгӣ метавонад аз 100 то 120 киллограм азотро аз ҳаво гирифта ба замин диҳад. Аз ин рӯ барои кишти такрорӣ аҳамияти вижа дорад. Ҳамзамон ин коршинос дар идома мегуяд, ки ба кишоварзон истифодаи тухмиҳое, ки аз хориҷа ворид мешавад, тавсия намешавад. Ба ақидаи ин коршинос бартарии тухмиҳои ватанӣ дар он аст, ки ин намуд тухмиҳо ба иқлими мо мутобиқ буда на як сол балки то ба 3-4 сол метавон оро истифода бурд.
Дар ҳамин ҳол ҳамсуҳбати дигари мо Шоҳназар Ҷобиров- корманди Маркази миллии чумхуриявии захирахои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон иброз медорад, ки аллакай барзгарони кишвар аз маърифати баланди заминистифодабарӣ бархӯрдоранд, онҳо медонанд, ки зимни кишт аз кадом навъи тухмӣ истифода кунанд.
Афзун гардондани истеҳсоли зироати кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар баробари дигар омилҳо барои таъмини амнияти озукаворӣ дар кишвар мусоидат мекунад. Бо дарназардошти ҳамин маънӣ барзгарро мебояд, ки дар баробари азхудкунии агротехникаи парвариш интихобу меъёри тухмию муҳлати киштро ба инобат бигирад. Яъне бо боварӣ метавон гуфт, танҳо бо истифода аз беҳтарин навъҳои тухмӣ, усулҳои кишту парвариш ва додани нурӣ марди деҳқон метавонад ҳосили фаровон ба даст орад.
Муродулло Раҳимов,
Радиои «Тоҷикистон»