«Истиқлол» аз дастаи «Ал-Наср» бо ҳисоби калон шикаст хӯрд

Дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон бозии аввали худро дар Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё муқобили тими «Ал-Наср» доир намуда, бо ҳисоби калони 5 бар 0 шикаст хӯрд.

Дидори шаби гузашта, дар доираи вохӯриҳои гурӯҳи «D»-и мусобиқа дар варзишгоҳи «Ал-аввал Парк»-и шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ сурат гирифт. Дар дидор ситораи португалӣ Криштиану Роналдо иштирок надошт. Сармураббии тим ба ӯ рухсат додааст. Аз ҳайати дастаи «Ал-Наср» Ғариб ва Ангело дар қисми аввал ба задани гол ноил шуда, Уэсли ва Кингскли Коману Садио Мане низ дар қисми дуюм дарвозаи дастаи Тоҷикистонро рахна карданд.

Пас аз даври якум «Ал-Наср» дар мавқеи аввали чаҳоргонаи «D» қарор гирифта, «Истиқлол» бо 5 голи сардодааш дар ҷойи охири гурӯҳ мавқеъ гирифт. Ҳамакунун дар даври дуюм «Истиқлол» бо «Гоа»-и Ҳиндустон рақобат мекунанд, ки ин бозӣ санаи 1-уми октябр баргузор хоҳад шуд. Бозии дуюми «Истиқлол» дар Тоҷикистон доир мегардад.

Рустам Зоиров

радиои «Тоҷикистон»