Симпозиуми байналмилалии илмию амалӣ ва фестивал — намоиши «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» оғоз гардид

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  Симпозиуми байналмилалии илмию амалӣ ва фестивал — намоиши «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» ба кори хуб оғоз кард.

Тавре хабарнигори радиои «Тоҷикистон» хабар медиҳад, дар Симпозиуми мазкур олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Беларус ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат доранд.

Дар назар аст, ки иштирокдорон доир ба масъалаҳои парвариши гӯсфандон дар Тоҷикистон ва Узбекистон, аз ҷумла тағйирёбии вазни зиндаи наслҳои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва гӯсфандони ҳисорию қирғизӣ дар шароити ҷануби Қирғизистон ва дигар масоилро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Ҳамчунин дар доираи Симпозиуми байналмилалии илмию амалӣ оид ба гӯсфанди ҳисорӣ 19 сентябр дар шаҳри Ҳисор Фестивал-намоиши «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» баргузор гардида, дар он дастовардҳои кишоварзию ҳунармандии корхонаҳои саноатии шаҳри Ҳисор ва дастовардҳои олимон дар соҳаи гӯсфандпарварӣ ба намоиш гузошта мешавад. Инчунин намоиш – музоядаи гӯсфандони зоти ҳисорӣ доир шуда, ғолибони фестивал – намоиш бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.