Баргузории 37-умин ҷаласаи Шурои байнидавлатии сарони ҳолатҳои фавқулодаи аъзои ИДМ дар шаҳри Душанбе

Имрӯз дар меҳмонхонаи «Кангурт»-и шаҳри Душанбе 37-умин ҷаласаи Шурои байнидавлатии сарони ҳолатҳои фавқулодаи аъзои ИДМ баргузор гардид.

Тавре ҳамкорамон Рустам Зоирзода аз ҷараён ҷаласа хабар дод, сарони ҳолатҳои фавқулодаи аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногениро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон дар рафти ҷаласа ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни ҷаласа Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ изҳор дошт, ки ”Мо ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷоиба дар соҳаи пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда аҳамияти хоса медиҳем. Баргузории ҷаласа дар шаҳри Душанбе қадами навбатӣ дар роҳи таҳким бахшидани ҳамкориҳои миёни кишварҳои ИДМ мебошад”.

Дар идома дигар иштирокчиён назари худро доир ба ҳамкорӣ дар оянда ва нафъи он ба аъзоёни ИДМ изҳор намуданд.

Рустам Зоирзода

радиои «Тоҷикистон»