Имрӯз дар Кохи Борбад дар доираи лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2021» намоиш – фурӯши молу маҳсулот баргузор гардид.
Дар намоиш-фурӯш иштирокчиёни лоиҳа номгӯи зиёди маҳсулоти хурокворӣ, аз ҷумла қаннодӣ, ширӣ, гӯштӣ, нушокиҳо ва молҳои рӯзгордорӣ ва косметикиро пешниҳоди тамошобинон гардониданд. Дар чорабинӣ, ҳамчунин ширкатҳои сохтмонӣ ва дорусозӣ иштирок намуданд.
Ба иттилоъи масъулин, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар доираи лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2021» тибқи овоздиҳии муштариён 30 ширкати беҳтарин муайян карда мешаванд. Маросими супоридани ҷоизаҳо ба ширкатҳо дар меҳмонхонаи Ҳайат Риҷенси баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки намоиш – фурӯши маҳсулоти хӯрока ва молҳо барои хона ва фурӯши молҳои истеҳсолӣ ватанӣ то рӯзи 9 май идома меёбад.
Гулрӯ Ниёзова,
Радиои “Тоҷикистон”