Дар МОИ «Кӯлоб» зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад

Дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии /МОИ/ «Кӯлоб» зеристгоҳи барқии нав бо насби 2 трансформатор ба истифода дода мешавад. Бунёди зеристгоҳи барқӣ метавонад барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ, таъмини субъектҳои МОИ «Кӯлоб» ва дигар истифодабарандагон бо неруи барқ заминаи устувор гузорад.

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нақшаи генералӣ барои бунёди зеристгоҳи барқӣ дар ҳудуди МОИ  «Кӯлоб» аз ҷониби маъмурият як гектар замин ҷудо гардидааст.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз МОИ «Кӯлоб» иттилоъ доданд.

Ин тадбир дар доираи татбиқи лоиҳаи «Кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар ва таҷдиди шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб»  амалӣ гардонида мешавад.

Вобаста ба бунёди зеристгоҳи барқӣ дар ҳудуди МОИ «Кӯлоб» Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  Далер Ҷумъа  аз ҳудуди минтақаи мазкур боздид намуд. Роҳбари Маъмурияти МОИ «Кӯлоб» оид ба корҳои  анҷомёфта дар самти иҷрои корҳои сохтмонӣ, нақшаҳои дар пеш истода ва ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ вобаста ба ташкили иқтидорҳои нави истеҳсолӣ  иттилои мушаххас пешниҳод намуд. Зикр шуд, ки зимни боздиди сармоягузорону соҳибкорон ва вохӯриҳо масъалаи таъминот бо неруи барқ ҳамчун масъалаи мубрам  матраҳ мегардад.

Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ иброз намуд, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти назорати доимии роҳбарияти вазорат қарор дошта, айни замон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои марбута ва шарикони рушд лоиҳаи «Кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар» ба маблағи умумии 35 миллион евро ба имзо расонида шуд, ки дар доираи он бунёди зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ бо насби 2 адад трансформатори тавоноияшон 2х25000 кВА пешбинӣ гардидааст, ки ин иншоот солҳои 2021-2022 ба истифода мешавад.

Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ба сохторҳои дахлдори соҳа дастур дод, ки барои зудтар оғоз намудани корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур тадбирҳои иловагии таъхирнопазир андешанд.