Субҳи имрӯз дар Маркази Намоишгоҳи байналмиллалии Душанбе (DUSHANBE EXPO), маросими ифтитоҳи «Намоишгоҳи байналмиллалии сайёҳии Душанбе 2025» ифтитоҳ гардид.
Дар чорабинӣ ширкатҳои сайёҳии сершумор аз Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна, Русия, Чин, Эрон, Ҳиндустон ва Туркия ширкат доранд.
Қобили зикр аст ки намоишгоҳи мазкур шурӯъ аз соли 2024 ҳамасола баргузор мегардад ва дар он ширкатҳои миллию хусусии сайёҳии кишварҳои СҲШ ва ИДМ, Вазоратҳо ва кумитаҳои сайёҳӣ, ширкатҳои нақлиётӣ ва ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, дармонгоҳҳо, туроператорҳо ва роҳбаладон, фондҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва ташкилотҳои молиявӣ, операторони мобилӣ ва ширкатҳои IT барои соҳаи сайёҳӣ ва ғайра молу маҳсулоти худро ба маърази тамошо мегузоранд.
Намоишгоҳ то 20 сентябр давом мекунад.