Дар ноҳияи Ҷайҳун як навгонии ҷолиб дар соҳаи кишоварзӣ ба амал омадааст, ки он парвариши меваҳои тропикӣ мебошад. Маъруфҷон Қаюмов, сокини Ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун таҷрибаи нодири парвариши ин меваҳоро дар шароити маҳаллӣ оғоз намуда, имрӯз ҳосил ба даст меорад.
Маъруфҷон Қаюмов, сокини деҳаи Тоҷикистони Ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун бори аввал ниҳолҳои тропикии банан ва папаяро се сол пеш аз хориҷа ворид кардааст. Дар аввал ҳамагӣ 10 –15 ниҳол харида, дар гармхонаи ҳавлии худ мешинонад. Ӯ бовар дошт, ки бо ин таҷриба метавонад дар иқлими кишварамон, аз ҷумла дар вилояти Хатлон муваффақ мешавад.
Мусоҳиби мо мегӯяд, ки бартарии дигари парвариши ин маҳсулот дар он аст, ки бо нигоҳубини дуруст ниҳолҳо ҳатто дар зимистон низ гул мекунад ва мева мебандад. Аз як ниҳол имкони то 450 банан ба даст овардан мумкин аст. Барои нашъунамои хуб танҳо обёрӣ ва ғизодиҳии дуруст ва гармии муносиб лозим аст.
Маъруфҷон Қаюмов ният дорад, ки дар оянда истеҳсоли бананро дар миқёси васеъ ба роҳ монда, ин меваи тропикиро ба як бренди маҳаллии «Банани тоҷикӣ» табдил диҳад.
Маъруфҷон Қаюмов, ки таҷрибаи парвариши бананро дар ноҳияи Ҷайҳун роҳандозӣ намудааст, ҳамзамон парвариши як меваи дигари тропикӣ – папая-ро низ ба роҳ мондааст. Папая – меваест шабеҳи харбуза, вале бар дарахти баланд, ки қадаш метавонад то беш аз 5 метр бирасад.
Маъруфҷон се сол пеш, ҳамзамон бо ворид кардани ниҳоли банан аз хориҷ, папаяро низ шинонда буд. Ҳосили аввалро ба даст овард, вале бо сабаби баланд шудани қади ниҳол ва ба қисмати болоии гармхона расидани он парвариш муваққатан суст шуд. Ҳоло ӯ онро аз нав – аз кундаи дарахти пешин дубора эҳё намуда истодааст.
Ба гуфтаи ӯ, папая барои саломатӣ муфид аст ва дар соли аввал, вақте ки ҳосил гирифт, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ онро ба фурӯш гузошт.
Ин таҷрибаи ҷолиб на танҳо барои ноҳияи Ҷайҳун, балки барои рушди кишоварзии навоварона дар саросари кишвар ибратбахш буда метавонад.
Таҷрибаи парвариши банан ва папая нишон медиҳад, ки агар ирода бошад, зироати тропикӣ ва дигар зироат низ дар зери ҳар осмон месабзад ва ҳосил медиҳад, ки деҳқонони ноҳияи Ҷайҳун инро дар амал амал татбиқ карданд.
Маҳмадалӣ Акрамов,
радиои “Тоҷикистон”