17.09.2025, шаҳри Душанбе
Ҳозирини гиромӣ!
Вохӯрии имрӯзаи мо дар бинои навбунёди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ҳамаи шумо – кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми дӯстдорони табиати Ватанамонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям.
Бинои имрӯза аз 94 утоқи муосиру барҳавои корӣ, 4 толор барои мулоқоту вохӯриҳо, китобхона ва маҷлисгоҳ иборат мебошад.
Дар боми бино панелҳои офтобӣ бо иқтидори 70 киловатт – соат насб шудааст, ки барои пурра бо барқ таъмин намудани бино пешбинӣ гардидааст.
Дар бино илова ба дастгоҳи марказии кумита, инчунин, дигар марказу муассисаҳои зертобеи он ҷой дода мешаванд.
Бо мақсади рушди рақамикунонӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологиву табиатдӯстии сокинони мамлакат «Маркази рақамикунонӣ ва инноватсияи соҳаи ҳифзи муҳити зист», «Маркази омӯзиши экологӣ барои дӯстдорони табиат» ва «Клуби экожурналистон» бо шароиту имкониятҳои мусоиди корӣ ташкил карда шудааст.
Тайи солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аксари сохторҳои кумита дар кишвар бо биноҳои нави маъмурӣ таъмин гардиданд, ки арзиши умумии сохтмони онҳо беш аз 200 миллион сомонӣ мебошад.
Тибқи нақшаи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ иловатан 4 бинои маъмурӣ барои кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо харҷи зиёда аз 40 миллион сомонӣ ба истифода дода мешавад.
Барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони соҳа дар шаҳри Душанбе бунёди ду бинои 11-ошёнаи истиқоматӣ барои 120 оила бо арзиши 59 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд.
Роҳбарият ва ҳар як корманди соҳаро зарур аст, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёгардида вазифаҳои хизматии худро бо дарки баланди масъулият иҷро намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таъмин намудани амнияти экологӣ вазифаи бисёр муҳимми ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишвари мо маҳсуб меёбад.
Зеро дар даҳсолаҳои охир бо сабаби истифодаи бенизоми сарватҳои табиӣ, экосистемаҳо таназзул ёфта, идома ёфтани ин ҳолат боиси мушкилоти ҷиддии экологӣ гардида истодааст.
Бинобар ин, ҳифзи муҳити зист, гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ амалӣ кардани чораҳои таъхирнопазир ва муассирро тақозо менамоянд.
Дар ин замина танзим ва идора кардани муносибати инсон бо табиат тавассути меъёрҳои ҳуқуқӣ зарур мебошад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ 25 қонуни соҳавӣ ва якчанд санади муҳимми стратегиву барномавӣ қабул шуда, Тоҷикистон ба 11 конвенсияи байналмилалии экологӣ ҳамроҳ гардидааст.
Кумитаи ҳифзи муҳити зистро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти марбутаи давлатӣ ва бо истифода аз таҷрибаи пешқадам оид ба такмил додани қонунгузории соҳа, аз ҷумла таҳияи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва старатегияву барномаҳои нави соҳавӣ чораҷӯйӣ намояд.
Ҳозирини муҳтарам!
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ гардидааст, ки аз таъсири манфии пайомадҳои он кишвари мо низ истисно нест.
Раванди тағйирёбии иқлим минбаъд низ боиси баландшавии ҳарорати ҳаво ва ба вуҷуд омадани офатҳои табиӣ мегардад.
Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус, дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар ду даҳсолаи охир кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, сохторҳои минтақавию байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро бо мақсади дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти экологии сайёра ба ҳам овардаанд.
Бо пешниҳоди Тоҷикистон то имрӯз 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардидааст, ки онҳо барои татбиқи ҳадафҳои мушаххас, аз ҷумла «Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030» асос гузоштанд.
Дар пойтахти кишварамон чорабиниҳои муҳимми сатҳи баланд доир ба обу иқлим баргузор шуда, дар доираи онҳо қатъномаю қарорҳои дахлдори байналмилалӣ қабул гардиданд.
Аз ҷумла моҳи майи соли 2025 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони 90 кишвари дунё, роҳбарони як қатор кишварҳо ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва шарикони рушд баргузор гардид.
Дар ҳуҷҷати асосии конфронси мазкур, яъне Қатъномаи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки ҳамчун санади расмии Маҷмаи Умумии Созмони Милал миёни кишварҳои узв паҳн гардид, зарурати ба рӯзномаи глобалӣ ворид намудани масъалаи ҳифзи пиряхҳо, идомаи Раванди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби бештари маблағгузорӣ дар ин самт таъкид шудааст.
Қобили зикр аст, ки ба ин мақсад дар ҳошияи конфронс Бонки Осиёии Рушд ва Фонди «иқлими сабз» барномаи нави минтақавиро таҳти унвони «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» ба маблағи умумии 3,5 миллиард доллар муаррифӣ намуданд.
Қарор аст, ки барнома дар Тоҷикистон, Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон амалӣ гардад.
Тайи панҷ соли охир мо гармшавии шадиди иқлимро мушоҳида мекунем.
Тибқи Гузориши шашуми Гурӯҳи байниҳукуматии коршиносон оид ба тағйирёбии иқлими назди Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2050 кишвари мо ба афзоиши хушксолӣ, ноустувории захираҳои обӣ, зиёд шудани обхезӣ ва тӯфонҳои чангу ғубор рӯ ба рӯ мегардад.
Тавре аз пешгӯиҳои Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ бармеояд, то соли 2050 ҳарорати миёнаи ҳаво дар минтақаи Осиёи Марказӣ вобаста ба шароити ҷуғрофӣ метавонад аз 0,8 то 6,2 дараҷа баланд гардад.
Инчунин, ноустувории боришот низ пешгӯӣ шуда, вобаста ба минтақаҳо дар давоми сол метавонад аз меъёр 27 фоиз кам ё то 24 фоиз афзоиш ёбад.
Ҳукумати мамлакат ба мақсади таъмини устувории иқтисоди миллӣ ва ҷомеа ба таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим соли 2019 «Стратегияи миллӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то соли 2030» ва соли 2025 Нақшаи амали онро барои давраи солҳои 2025 – 2027 қабул намуд.
Ҳоло шабакаи умумии обуҳавошиносии Тоҷикистон дорои 54 пойгоҳи обуҳавосанҷӣ, 98 дидбонгоҳи обченкунӣ, дигар нуқтаҳои барфу тармаченкунӣ ва агрометеорологӣ аст, ки ин барои омӯзиши васеи раванди обуҳавошиносӣ ва тағйирёбии иқлим нокифоя мебошад.
Имрӯз зарурати тавсеаи шабакаҳои обуҳавосанҷиву дидбонгоҳҳои обченкунии кишвар ва муҷаҳҳаз намудани онҳо бо таҷҳизоти навин ба миён омадааст.
Аз ин лиҳоз, ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист супориш дода мешавад, ки аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ва сармояи хориҷӣ марҳалаи навбатии таҷдиду азнавсозии соҳаро таъмин намоянд.
Бинобар коҳишёбии босуръати ҳаҷми пиряхҳо дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо барои солҳои 2010 – 2030» қабул гардида, дар ин самт аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти марбутаи давлатиро зарур аст, ки бо дарназардошти ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, аз ҷумла ташаббус дар хусуси эълон кардани солҳои 2025 – 2034 ҳамчун «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ» барномаи мазкурро такмил дода, барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Пойгоҳи обуҳавошиносӣ доир ба омӯзиши пиряхи калонтарини минтақа – Ванҷях (Федченко) аз соли 1933 фаъолият менамояд, ки он аҳаммияти баланди илмӣ ва соҳавӣ дорад.
Бинобар ин, мақоми ваколатдорро зарур аст, ки барои бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонидан ва ба шабакаҳои байналмилалии обуҳавошиносӣ шомил намудани он тадбирҳои зарурӣ андешад.
Нигоҳ доштани гуногунии биологии кишвар, ҳифзи набототу ҳайвоноти нодир ва пешбурди назорати давлатӣ доир ба истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ самти муҳимми фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист ва дигар вазорату идораҳои дахлдор ба ҳисоб меравад.
Соли 2024 кишвари мо ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат шомил гардид, ки он ба ҷалби бештари маблағҳои грантии фондҳои байналмилалии экологӣ мусоидат менамояд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон масоҳати умумии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз 420 ҳазор гектар ба 3,1 миллион гектар расонида шуд.
Ин 22 фоизи ҳудуди кишварро ташкил медиҳад, ки дар миқёси минтақа ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил беназир аст.
Ба мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист супориш дода мешавад, ки лоиҳаи «Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии биологӣ» ва «Барномаи рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои солҳои 2026 – 2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Ҳоло дар низоми ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда 3 мамнуъгоҳ, 1 резервати биосферӣ, 4 парки табиӣ, 13 парваришгоҳ фаъолият дорад, ки аз онҳо Парки миллии Тоҷикистон (бо масоҳати 2,6 миллион гектар) ва Мамнуъгоҳи табиии «Бешаи палангон» (бо масоҳати 49,7 ҳазор гектар) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда шудаанд.
Дар робита ба ин, ба Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист супориш дода мешавад, ки дар соли 2026 барои ворид намудани Резервати биосферии «Ромит» ба Феҳристи шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО чораҳои амалӣ андешанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи такмили назорати давлатӣ ва идоракунии устувори ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва ҳифзи гуногунии биологӣ солҳои охир саршумори намудҳои нодири ҳайвонот, аз ҷумла морхӯр, гӯсфанди кӯҳии архар (Марко Поло) ва бабри барфӣ зиёд гардида истодааст.
Дар се соли охир ба мақсади ҳифзи ҳайвоноти нодир дар ноҳияи Мурғоб «Маркази офиятбахшии бабри барфӣ», дар Резервати биосферии «Ромит» ва Парки табиии «Сари Хосор» парваришгоҳи гавазни бухороӣ ва дар Мамнуъгоҳи табиии «Дашти Ҷум» парваришгоҳи морхӯр ташкил карда шудааст.
Тибқи ҳисоботи коршиносони ватаниву хориҷӣ дар ҳудуди кишвар дар 10 соли охир саршумори ҳайвоноти нодир, аз ҷумла морхӯр аз 1900 ба 6827 сар, Марко Поло аз 20 ҳазору 419 ба 29 ҳазору 43 ва бабри барфӣ аз 350 ба 500 сар афзоиш ёфтааст.
Соли 2023 бо пешниҳоди Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ки тибқи он ҳар сол 24-уми май ҳамчун «Рӯзи байналмилалии морхӯр» ҷашн гирифта мешавад.
Ба мақсади дақиқ муайян намудани раванди зиёдшавии ҳайвоноти нодири кишвар, аз ҷумла бабри барфӣ, морхӯр ва архар ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Академияи миллии илмҳо супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат баҳисобгирии воқеии ин ҳайвоноти нодирро анҷом дода, аз натиҷаи он ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин, ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ супориш дода мешавад, ки дар асоси маълумоти Китоби сурх фаъолияти худро дар самти барқарор ва афзун намудани саршумори ҳайвоноти нодир ва захираи олами наботот самаранок ба роҳ монанд.
Бахши сайёҳии экологӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисод ба шумор рафта, имкон медиҳад, ки дар минтақаҳои дурдаст инфрасохтори маҳаллӣ, аз ҷумла роҳҳо, маҳалҳои зист ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ рушд ёбад.
Рушди сайёҳии экологӣ, ҳамчунин, метавонад ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳифзи табиат, мероси фарҳангӣ ва дар айни замон, боз ҳам беҳтар гардидани обрӯ ва симои кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд.
Кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки барои таҳия ва тасдиқи харитаҳои роҳ ва хатсайрҳои нави сайёҳии экологӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва минтақаҳои дорои аҳаммияти экологӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Водии Зарафшон, бахусус, қаторкӯҳҳои Фон, кӯлҳои камназири Ҳафткӯл, Аловуддин ва монанди инҳо макони истироҳату боздиди сайёҳон мебошад.
Ҷиҳати ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои нодири табиии мавзеъҳои зикршуда ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар мақомоти марбутаи давлатӣ супориш дода мешавад, ки вобаста ба эълон намудани ин минтақа ҳамчун «Парки табиии Зарафшон» пешниҳоду хулосаҳои худро дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Ҳоло кишвари мо дар самти рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва таъмин намудани шаффофияти фаъолияти онҳо қадамҳои устувор мегузорад.
Дар ин замина имрӯз Маркази рақамикунонии соҳаи ҳифзи муҳити зист ифтитоҳ гардид.
Барои рушди ин низом зарур аст, ки фаъолияти мақомоти дахлдор оид ба омода намудани барномасозон ва дигар мутахассисони соҳибтахассус тавассути бозомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии ватаниву хориҷӣ тақвият дода шавад.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар Тоҷикистон 98 фоизи неруи барқ аз манбаъҳои обӣ, яъне аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол карда мешавад ва аз рӯи ҳиссаи партови газҳои гулхонаӣ кишвари мо дар ҷаҳон бо нишондиҳандаи пасттарин дар ҷойи 130-юм қарор дорад.
Бо амалисозии нақшаву барномаҳои миллӣ соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо «энергияи сабз» таъмин гардида, дар ин замина аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки гарчанде дар самти ҳифзи муҳити зист солҳои охир корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд, вале ҳоло ҳам баъзе мушкилоти экологӣ ҷой доранд.
Аз ҷумла, барои татбиқи босамари «Барномаи давлатии кабудизоркунӣ барои давраи то соли 2040» андешидани чораҳои иловагӣ зарур аст.
Тибқи нақшаи амали барномаи мазкур дар се соли аввал дар масоҳати 2180 гектар ниҳолхонаҳо ташкил ва шинонидану парвариши 2 миллиард бех дарахту буттаҳо дар давраи то соли 2040 таъмин карда мешавад.
Дар баъзе ҳолатҳо бо сабаби риоя нагардидани технологияи шинонидани ниҳолҳо, интихоби нодурусти қитъаҳои замин ва ба иқлими маҳал мутобиқ набудани ниҳолҳо ҳамасола хушкшавии ниҳолҳои шинонидашуда ба назар мерасад.
Тибқи маълумот соли 2025 дар доираи татбиқи барнома аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 3 миллиону 100 ҳазор бех ниҳол шинонида шудааст, ки 105 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Зарур аст, ки ҷараёни корҳои кабудизоркунии кишвар зери назорати қатъӣ ва мониторинги татбиқи барнома бо усулҳои муосир ва рақамӣ ба роҳ монда шавад.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангал, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки иҷрои нақшаи Барномаи давлатии кабудизоркуниро пурра таъмин намуда, шинонидану парвариши ниҳолҳоро дар асоси қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монанд.
Солҳои охир афзоиши аҳолӣ, рушди саноат, вусъатёбии сохтмон ва зиёдшавии воситаҳои нақлиёт боиси афзудани намудҳои гуногуни партов гардидааст.
Вобаста ба ин, ба танзим даровардани масъалаҳои вобаста ба партовҳо, аз ҷумла ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, кашонидан, ба навъҳо ҷудо кардан ва коркарди партовҳои сахти маишӣ дар кишвар беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд.
Таъкид менамоям, ки дар кишвар механизми идоракунии маҷмӯии партовҳои истеҳсолӣ, истеъмолӣ ва сохтмонӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст, то имконияти ташаккул додани низоми самараноки муносибатҳо тавассути рушди ҳамкории байниидоравӣ, ҷалби бахши хусусӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ фароҳам оварда шавад.
Сохтмони корхонаҳои маҷмӯии коркарди партовҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ бо дарназардошти таҷрибаи пешқадам ва пешниҳоди имтиёзҳо барои онҳо метавонад ба коҳишёбии партовҳо таъсири мусбат расонад.
Набояд фаромӯш кард, ки ин кор аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ ва экологӣ барои кишвар манфиати зиёд дорад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо сабаби зиёд шудани аҳолӣ ва рушди истеҳсолот ҳаҷм ва масоҳати замини зери партовгоҳҳо сол ба сол зиёд шуда истодааст.
Тибқи маълумоти Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар кишвар ҳамасола зиёда аз 2 миллион тонна партови сахти маишӣ ҷамъ мешавад ва масоҳати умумии партовгоҳҳо зиёда аз 300 гектарро ташкил медиҳад.
Имрӯз дар мамлакат шумораи коргоҳҳои хурди коркарди партовҳо кам буда, дар онҳо асосан партовҳои пластикӣ, коғаз, равғанҳои истифодашудаи воситаҳои нақлиёт, резину оҳанпора ва монанди инҳо коркард карда мешаванд, лекин иқтидори ин коргоҳҳо барои коркард ва коҳиш додани ҳаҷми ҳама гуна партовҳо ночиз мебошад.
Бинобар ин, ташкил кардани корхонаҳои калони коркарди партовҳо дар ҳудуди партовгоҳҳои амалкунанда метавонад масоҳати ҷойгиронӣ ва ҳаҷми партовҳоро дар муҳити зист коҳиш диҳад.
Барои коҳиш додани таъсири манфии партовҳо ба муҳити зист ва саломатии инсон зарур аст, ки механизмҳои ҳавасмандгардонӣ ва коркарду истифодаи такрории партовҳо ҷорӣ карда шавад.
Аз ин лиҳоз, супориш дода мешавад, ки вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист, меъморӣ ва сохтмон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ механизми ҷойгиронӣ, кашонидан ва коркарди партовҳоро таҳия намоянд.
Дар ин раванд, зарур аст, ки бо ҷалби сармоя, шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои ворид намудани технологияҳои муосир ва сохтмони корхонаҳои калони коркарду безараргардонии партовҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ҳамзамон бо ин, Кумитаи ҳифзи муҳити зист вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марбутаи давлатӣ «Стратегияи миллии идоракунии партовҳоро барои давраи то соли 2035» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Аз замони сохти гузашта дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои мамлакат анборҳои заҳрхимикатҳо боқӣ мондаанд, ки онҳо ба саломатии аҳолӣ ва муҳити зист хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд.
Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар вилоятҳои Суғду Хатлон дар ҳаҷми қариб 6,5 ҳазор тонна заҳрхимикатҳо ва хокҳои заҳролудшуда тибқи стандартҳои байналмилалӣ тоза карда, ба партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахш, ки мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст, интиқол дода шудаанд.
Ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати пурра бартараф намудани анборҳои заҳрхимикатҳои боқимонда ва ҷойгир намудани онҳо дар анбори зикршудаи ноҳияи Вахш тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Истифодаи оқилонаи захираҳои табиии кишвар бо риояи талаботи ҳифзи муҳити зист барои рушди иқтисоди миллӣ ва ҳифзи захираҳо барои наслҳои оянда нақши муҳим дорад.
Вале бояд гуфт, ки дар аксарияти корхонаҳои калони саноатӣ, ки бо сармояи дохиливу хориҷӣ таъсис ёфта, фаъолияти онҳо бевосита ба истифодаи сарватҳои табиӣ равона шудааст, талаботу меъёрҳои истеҳсолӣ ба таври зарурӣ риоя намегарданд.
Бинобар ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист қабл аз оғози истихроҷ ва коркарди сарватҳои табиӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ таҳия ва амалӣ гардидани нақшаи барқарорсозии заминҳои коркардшуда (рекултиватсия)-ро назорат намоянд.
Ҳозирини муҳтарам!
Тоҷикистон аз лиҳози таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим дар минтақа яке аз кишварҳои осебпазир ба шумор меравад.
Дар шароити таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим барои нигоҳ доштани гуногунии биологӣ, беҳтар намудани вазъи олами набототу ҳайвонот, пешгирӣ кардани обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳифзи захираҳои обу замин, афзоиш додани масоҳати кабудизоркунӣ, коркарди партовҳо ва ҳаллу фасли дигар мушкилоти муҳити зист мо бояд аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барем.
Моро зарур аст, ки ҷиҳати ҳалли ин масъалаҳо ба маблағҳои грантии Фонди глобалии экологӣ, Фонди «иқлими сабз», Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва дигар созмонҳои молиявӣ дастрасии доимӣ дошта бошем.
Соли 2024 Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зист аккредитатсияи Фонди «иқлими сабз»-ро ҷиҳати дастрасии мустақим ба татбиқи лоиҳаҳоро ба маблағи то 50 миллион доллар ба даст овард, ки ин, албатта, хуб аст.
Кумитаи ҳифзи муҳити зистро зарур аст, ки барои ҷалби бештари маблағҳои грантӣ аз ҳисоби фондҳои махсуси иқлимӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати амалӣ намудани стратегияву барномаҳо чораҳои иловагӣ андешад.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳар панҷсола Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологӣ қабул гардида, дар доираи он барои баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ корҳои мушаххас амалӣ мегарданд.
Бо вуҷуди ин, дар ин самт ҳанӯз ҳам камбудиҳо ҷой доранд.
Дар паёми Роҳбари давлат аз 28-уми декабри соли 2023 дар бораи сатҳи пасти маърифати экологии баъзе аз шаҳрвандон, бахусус, партофтани партовҳо аз даруни нақлиёт ба роҳҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ супориш шуда буд, ки ба қонунгузории кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.
Аз ин рӯ, ба Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки ба мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифтнокии аҳолии кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида, бо дарназардошти таҷрибаи пешқадам «Барномаи нави рушди маърифати экологӣ барои солҳои 2026 – 2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Омода намудани мутахассисони баландихтисоси сатҳи байналмилалӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат мебошад.
Ба мақсади тақвияти иқтидори кадрии мақомоти соҳаи ҳифзи муҳити зист, ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани сатҳи тахассусии кормандон, пешбурди корҳои илмиву таҳқиқотӣ, тайёр намудани мутахассисон дар самтҳои тағйирёбии иқлим, обуҳавошиносӣ, яхшиносӣ, гуногунии биологӣ, арзёбии экосистемаҳо, рушди «иқтисоди сабз» ва дигар масъалаҳои экологӣ мувофиқи мақсад дониста мешавад, ки дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист «Институти илмиву таҳқиқотии ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва экосистемаҳо» таъсис дода шавад.
Ҳозирини гиромӣ!
Табиати нотакрори Тоҷикистон, обҳои зулол, чашмаҳои ширину шифобахш, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ дар ҷаҳон камназир мебошанд.
Мо бояд бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намуда, онро барои наслҳои оянда тозаву озода нигоҳ дорем, ҳифз кунем ва ба мерос гузорем.
Иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат доир ба таъмини амнияти экологии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз роҳбарият ва мутахассиссони Кумитаи ҳифзи муҳити зист масъулияти дучандро талаб менамояд.
Итминон дорам, ки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист минбаъд низ тамоми донишу таҷриба ва малакаву маҳорати хешро барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда равона намуда, рисолати худро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ иҷро менамоянд.
Ба ҳамаи шумо дар амалигардонии вазифаҳои касбиатон барори кор ва муваффақият орзу менамоям.
Саломат бошед!