Дар Душанбе «Форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ» баргузор гардид

Бо ташабуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони умумичаҳонии сайёҳӣ «Форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ»  доир гардид, ки дар он зиёда аз 60 нафар намояндагон аз 22 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд. Нахуст муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода меҳмонон баромад намуда, зикр намуд, ки дар иртибот бо ироа намудани имтиёзҳои андозию гумруки ва субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ алҳол дар мамлакат бунёду тачдиди иншооти гуногуни сайёхӣ ва дигар инфрасохтори соха босуръат идома дорад. Ҳамзамон, Ҳоким Холиқзода намояндагони созмонҳои бонуфуз, ширкату ассотсиатсияҳои сайёҳии кишварҳои хориҷиро барои тақвияти ҳамкории судманд ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ даъват намуда, таъкид кард, ки сарзамини Тоҷикистон дорои захираҳои бои табиӣ буда, сайёҳӣ яке аз бахшҳои ояндадори иқтисодиёти Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.

Вазири сайёҳии Черногория ва раиси Комиссияи сайёҳии СММ оид ба Аврупо Симонида Кордич зимни суханронии хеш зикр намуд, ки соҳаи сайёҳӣ дар ҷалби қариб 4000 лоиҳаи нави сармоягузории сабз муваффақ шудааст, ки арзиши умумии онҳо ба 280 миллиард доллар наздик мешавад ва беш аз 500 000 ҷойҳои нави корӣ фароҳам овардааст.

«Имрӯз кормандони соҳаи сайёҳӣ аз ҳар 10 коргар дар саросари ҷаҳон як нафарро ташкил медиҳад, ки 3,3% ММД ва тақрибан 30% хадамоти савдои ҷаҳониро ташкил медиҳад. Баргузории форуми имрӯза метавонад муҳимтарин платформаи ҷаҳонӣ ҷиҳати боз ҳам рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ гардад. Имрӯз мо рисолати ҷаҳонии табдил додани сайёҳӣ ба як рукни воқеии шукуфоӣ ва устувориро тасдиқ мекунем, ки танҳо тавассути амалҳои муштарак ҳам давлатҳо ва ҳам бахши хусусӣ метавонанд иқтидори пурраи туризмро боз кунанд»,-иброз намуд Вазири сайёҳии Черногория ва раиси Комиссияи сайёҳии СММ оид ба Аврупо Симонида Кордич.

Бояд зикр кард, ки кори форум дар бахшҳои алоҳида вобаста ба самтҳои афзалиятнок ҷараён гирифта, муаррифии лоиҳаҳои сармоягузории сайёҳӣ, тадбирҳо барои беҳтар кардани инфрасохтор ва хизматрасонии соҳа, ҳамкории минтақавӣ, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар сатҳи деҳот ва мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ имтиёзҳои андозию гумрукии ссоҳаи сайёҳӣ дар ҶТ муҳокима гардиданд.

 Ҳамзамон, дар «Форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ» як қатор санадҳои ҳамкорӣ дар бахшӣ сайёҳӣ ба имзо расонида шудаанд.

Бояд гуфт, ки дар доираи баргузории форуми мазкур барои меҳмонон ва иштирокчиён ба мавзеъҳои ҷолибии сайёҳии кишвар инфо-тур ташкил гардидааст. Инчунин, дар идомаи инфо-тур меҳмонон рӯзи 18-уми сентябри соли 2025 дар дуюмин “Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе” ширкат намуда, аз ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муарифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии кишар аз наздик ошноӣ пайдо менамоянд.