То соли 2050 фарбеҳӣ ба нисфи аҳолии сайёра таъсир мерасонад

Дар даҳсолаҳои оянда фарбеҳӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва системаи тандурустӣ таъсири ҷиддӣ хоҳад расонд. То соли 2050 беш аз нисфи аҳолии калонсоли ҷаҳон вазни зиёдатӣ хоҳанд дошт ва ҳар сеюмин кӯдак фарбеҳ хоҳад буд. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ гузориш додааст.

Тибқи маълумоти ин созмон хароҷоти ҷаҳонӣ барои табобати бемориҳои вобаста ба фарбеҳӣ метавонад дар як сол 4,5 триллион долларро ташкил диҳад.  Олимон қайд мекунанд, ки боздоштани афзоиши пандемияи фарбеҳӣ танҳо дар сурати бархӯрди ҳамаҷониба ба мушкилот имконпазир аст.