Рӯзноманигори тоҷик сазовори Ҷоизаи миллии “Олтин қалам” гардид

Отабек Ғоибов, муҳаррири варзидаи бахши ӯзбекии шабакаи бурунмарзии “Овози тоҷик”-и Радиои “Тоҷикистон” дар бахши ”Барои барномаҳои радио ва мақолаҳое, ки робитаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодии ӯзбеку тоҷикро таблиғ мекунанд”-и Ҷоизаи миллии “Олтин қалам” (Қалами тиллоӣ) ҷои дуюмро ишғол кард.

Ба навиштаи “Овози тоҷик” ҷойи аввалро дар ин номинатсия сармуҳаррири маҷаллаи «Business Turk» Рузубай Акурен ба даст овард ва ба ғолибони Озмуни байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоизаи миллии “Олтин Калам” дар соҳаи журналистика дипломи махсус, нишони Олтин Калам, “статуэтка” ва мукофоти пулӣ супорида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки имсол озмун 15-умин ҷоиза худро, ки аз ҷониби Иттифоқи эҷодии рӯзноманигорони Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо Маркази бозомӯзии рӯзноманигорон ва як қатор ташкилот таъсис дода шудааст, ба ғолибон месупорад. Озмуни мазкур ба Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот бахшида шуд.

P.S.: Ҳайати эҷодии Радиои “Тоҷикистон” ҳамкори худро барои ҷойи сазоворро соҳиб шудан табрик мегӯяд.