Тавре қаблан хабар дода будем, дар кишвар Бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.
Дар ин давр, «Хуҷанд» – «Куктош» дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд байни ҳам рақобат карда, “Хуҷанд” бо 4 голи беҷавоб пирӯз шуд. Тавре сомонаи ФФТ менависад, ғалабаи мизбонон тавассути зарбаҳои нишонраси Дилшод Бозоров, Далер Ёдгоров, Нозим Бобоҷонов ва Тоҳир Малодӯстов имконпазир шуд.
«Хатлон» – КМВА бозиро мусовӣ (1:1) хотима бахшиданд. Голҳои дастаҳоро Суннатулло Исмоилов дар дақиқаи 67 Комрони Мирзохон баъди 6 дақиқа заданд.
“Дастаи “Душанбе” дар як бозии пуршиддат бар тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд. Бозингари тими “Равшан” Алишер Эргашев дар дақиқаи 12-ум тӯбро вориди дарвозаи дастааш карда, ҳисобро кушод. Дастаи “Равшан” тавассути зарбаҳои нишонраси Муҳаммад Ризомов дар дақиқаи 29 ва Аваз Қамчинов дар дақиқаи 51 ба пеш баромад, вале ин ҳисобро нигоҳ дошта натавонистанд. Бозингарони “Душанбе” Иззатулло Рӯзиев ду гол, Амир Манеш як гол зада, пирӯзиро таъмин намуданд“,- менависад ФФТ.
Дар рақобатҳои охирини Бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ “Истаравшан” дар сафар бар дастаи “Эсхата”-и Хуҷанд ғолиб омад (2:3).
Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии панҷ даври бозиҳо, дар ҷадвали мусобиқа “Хуҷанд” бо 10 хол пешсаф аст. “Файзканд” бо ҳашт хол дар ҷои дуюм, “Истаравшан” бо 7 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
Хотирасон мекунем, ки дирӯз чемпиони Тоҷикистон-дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки ғолиби гурӯҳи «А» -и Лигаи чемпионҳои AFC-2021 шуда, роҳхат ба марҳилаи 1/8-финалии мусобиқаро ба даст оварда буд, ба Ватан баргашт. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, намояндагони ВАО ва мухлисони сершумор пешвоз гирифтанд.
Акнун дар даври плей-офф дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо дастаи «Персеполис» -и Эрон бозӣ хоҳад кард.