Рӯзи милитсияи тоҷик дар вилояти Суғд таҷлил гардид

Дар вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, роҳбарият, кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир шуд.

Раиси вилояти Суғд зимни суханронӣ саҳми кормандони милитсияро дар таъмини амнияту субот, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ муҳим арзёбӣ карда, онҳоро ба муносибати иди касбӣ табрик намуд.

Ҳамчунин, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Маҳмадсафар Пирзода кормандону собиқадорони соҳаро табрик гуфт.

Дар қисмати тантанавии чорабинӣ як гурӯҳ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои хизмати содиқона ва фаъолияти назаррас бо сипоснома, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 10 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил мегардад.