Варзишгарони Тоҷикистон дар 15-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш, ки аз 4 то 9 ноябр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардид, соҳиби 6 медал, аз ҷумла 2 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ шуданд.
Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 7 варзишгар намояндагӣ карданд, ки аз онҳо 6 нафар ба гирифтани медал муваффақ гардиданд.
Сарвар Абдушукуров дар вазни то 66 кило пас аз 13 сол барои Тоҷикистон дар ин риштаи варзиш медали тиллои Чемпионати ҷаҳонро ба даст овард. Ҳақназар Назаров низ дар вазни то 90 кило унвони қаҳрамони ҷаҳонро соҳиб шуд.
Ҳамзамон, Ҳақдод Гулов дар вазни то 60 кило медали нуқра ва Умар Шеров (73 кг), Наврӯз Каримзод (81 кг) ва Саидҷамол Алимардонов (100 кг) медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.
Бо ин натиҷа паҳлавонони тоҷик иштироки худро дар мусобиқаи ҷаҳонӣ бо дастоварди назаррас ҷамъбаст карданд.
