Дар доираи чораҳои зидди коронавирус, ки ҳангоми Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 амал мекунанд, ҳамаи варзишгарон ҳар рӯз ташхис мешаванд.
Ба варзишгарон муаррифӣ кардаанд, ки тибқи ин қоидаҳо оби даҳони варзишгарон ва ҳама шахсоне, ки бо онҳо иртиботи наздик доранд, ҳар рӯз озмуда мешавад. Ин дар ҳолест, ки пештар қоидае мавҷуд буд, ки варзишгарон дар ҳар чор рӯз як маротиба ташхис мешаванд ва баъд аз қоидаи дуюм масъулин аз ин қоидаи аввал низ даст накашидаанд.
Тавре сомонаи Кумитаи олимпии кишвар менависад, ҳамаи иштирокчиёни Бозиҳои олимпӣ бояд пеш аз сафар ба Ҷопон дар муддати 96 соат ду маротиба аз ташхиси COVID-19 гузаранд. Ҳамчунин, шахсони расмӣ, мураббиён ва намояндагони расонаҳои хабарӣ пас аз ворид шудан ба кишвари мизбон се рӯзи аввал ҳар рӯз озмоиш месупоранд.
Барои иштирокчиёни олимпиада тадбирҳои дигар низ дида мешавад. Аз ҷумла, коҳиши тамос дар масофаи як метр бо иштирокчиёни бозиҳо, ки аллакай дар Ҷопон зиёда аз 14 рӯз буданд. Ба назари ташкилотчиён ҳар касе, ки бе пӯшидани ниқоб бо нафари гирифтори корнавирус тамоси беш аз 15 дақиқа дошт, “тамоси наздик” ҳисобида мешавад.
Бояд гуфт, ки нусхаи дуюми қоидаҳо ва дигар талаботҳо дар ҳоле нашр шуд, ки шумораи сироятёбӣ аз COVID-19 дар Ҷопон ва баъзе дигар кишварҳо, аз ҷумла Ҳиндустон ва Бразил зиёд мешавад. Токио аз ҷумлаи минтақаҳои Ҷопон аст, ки дар он то 11 май бинобар пешгирии сироятёбии коронавирус чораҳои фақулодда эълон карда шудааст.
“Мо бовар дорем, ки риояи ин қоидаҳо бехатарии варзишгарон ва намояндагони расмиро ҳангоми бозиҳо дар Ҷопон таъмин менамояд”, – омадааст дар изҳорот.