Дар Кумитаи телевизион ва радио озмуни “Эъҷози сухан” доир мешавад

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби бештари китобхонию шеърдонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, рушди қобилияти эҷодию суханварӣ ва маҳорати касбӣ миёни ҳаваскорон Озмуни “Эъҷози сухан”-ро эълон кардааст.

Гуфта мешавад, ки ин иқдом дар доираи ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ дар байни кормандони тамоми воҳидҳои сохтории Кумитаи телевизион ва радио роҳандозӣ шудааст.

Озмун аз як давр иборат буда, маҳорату истеъдоди иштирокчиёнро ҳакамони озмун муайян мекунанд ва охири моҳи май ҷамъбаст мегардад. Ғолибони озмун ба таври зерин ҳавасманд гардонида мешаванд:

Ду ҷойи якум – барои ҳар як ҷой 10 000 сомонӣ;
Чор ҷойи дуюм – барои ҳар як ҷой 7 000 сомонӣ;
Шаш ҷойи сеюм – барои ҳар як ҷой 5 000 сомонӣ.

Ҳуҷҷатҳои довталабон барои иштирок дар озмун то 10 майи соли 2021 қабул карда мешаванд.