Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт Иди касбии милитсияи тоҷикро бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат ва соҳибистиқлолии кишвар таҷлил намуданд.
Ҷамъомади идона бо табрикоти сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт ифтитоҳ шуд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки кормандони милитсия бо фаъолияти пурсамари худ дар ошкор намудани ҷиноятҳо ва пешгирӣ аз онҳо ҳамеша маҳорати баланди касбӣ нишон дода, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ содиқ мебошанд.
Сипас, роҳбарияти ноҳияи Рашт кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба муносибати Иди касбӣ ва Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик самимона табрик намуда, аз ҷумла таъкид карданд, ки саҳми кормандони милитсия дар таъмини зиндагии осудаи мардуми заҳматпешаи диёр ва устувор нигоҳ доштани пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд басо назаррас аст.
Дар ҷараёни чорабинӣ як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилии минтақа, ки дар фаъолияти хизматӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медалҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, ба муносибати Иди касбӣ аз ҷониби Раёсат ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Дар анҷоми чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Рашт бо суруду таронаҳои дилнишин баромад карда, табъи ҳозиринро болида гардониданд.
Фазлиддин Маҳадбеков
ноҳияи Рашт
