«Истиқлол» бо АГМК ва «Душанбе» бо «Равшан» рақобат мекунанд

Соати 23:50-и шоми имрӯз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе бар муқобили дастаи футболи АГМК-и Ӯзбекистон дар бозии даври шашуми  марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «А» ба майдон мебарояд.

Пештар аз ин, чемпиони Тоҷикистон – дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе дар  бозии даври панҷуми  марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «А» ба муқобили дастаи футболи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» аз АМА рақобат намуда, ӯро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Дар ин бозии тезу тунд бозингарони тоҷик бо ёрии капитани даста Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 90+6 гол ба нишон расониданд ва ҳамин тавр, баъд аз ин пирӯзӣ дастаи «Истиқлол» бо касби 10 холи тиллоӣ дар зинаи аввали гурӯҳи «А» қарор гирифт.

Ҳамчунин, Федератсияи Футболи Тоҷикистон аз оғози бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои  Лигаи олӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ,дар ин давр, ки имрӯз ва пагоҳ доир мешаванд, «Хуҷанд» – «Куктош» имрӯз соати 17:00 дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд  ва «Хатлон» – КМВА дар Варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар байни ҳам рақобат мекунанд.

Пагоҳ бошад, «Эсхата» – «Истаравшан» дар Варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Хуҷанд ва «Душанбе» – «Равшан» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳам бозӣ хоҳанд кард.