10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 8 иншооти соҳаро дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.
Нахуст, маҷмуи биноҳои истиқоматӣ барои кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид.
Гуфта шуд, ки иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои созандагиву ободонӣ ва бо мақсади беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бунёд гардидааст.
Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи аввал се қисмати ин биноҳо мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дорои 80 манзили истиқоматӣ мебошанд.
Марҳилаи якуми осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак аз иншооти дигаре буд, ки ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо дастгирии Ҳукумати кишвар бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ, истироҳат ва беҳдошти саломатии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, собиқадорон ва аҳли оилаи онҳо бунёд гардидааст.
Осоишгоҳ дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари диёр, дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир буда, аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ ва муҳити табиӣ барои ташкили истироҳату солимгардонӣ имкониятҳои хуб дорад.
Дар идома, инчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба таври фосилавӣ бинои нави қисми мустақили 42-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Панҷро ба истифода доданд.
Бино бо мақсади беҳтар намудани шароити хизматӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва фароҳам овардани имконоти мусоид барои фаъолияти самараноки ҳайати шахсии қисми оташнишонӣ бунёд гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки иншоот дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар сохта шуда, дар он барои 40 корманди қисми оташнишонӣ шароити зарурии кору хизмат фароҳам оварда шудааст. Он дорои ҳуҷраҳои хизматӣ ва дигар шароити зарурӣ мебошад. Ҳамчунин мошинсарои махсус барои нигоҳдории се нақлиёти махсуси оташнишонӣ бунёд ёфтааст.
Ҳамчунин, ба таври фосилавӣ бинои дидбонгоҳи тобеи қисми 62-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод ба истифода дода шуд.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дидбонгоҳ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҳайати шахсӣ, таъмини саривақтии вокуниш ба ҳодисаҳои сӯхтор ва дигар ҳолатҳои фавқулода, инчунин, ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва молу мулки онҳо таъсис дода шудааст. Он дорои 4 ҳуҷраи корӣ ва таълимӣ барои 20 нафар, хобгоҳ, ошхона, мошинсарой ва дигар шароити зарурии хизматӣ мебошад.
Дар идома, Сарвари давлат ба таври фосилавӣ воситаҳои нақлиёти оташнишонии тамғаи ХОВО, ки аз ҷониби корхонаи маҷмуи васли нақлиёти оташнишонии сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ истеҳсол шудааст, намоиш дода шуд.
Таъкид гардид, ки корхонаи воҳиди давлатии маркази васлу насби нақлиёти оташнишонии назди сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо мақсади мусоидат ба саноатикунонии босуръати кишвар бунёд шудааст. Он ба васлу омодасозии воситаҳои наклиёти махсуси оташнишонӣ дар базаи шассиҳои ХОВО машғул мебошад.
Гуфта шуд, ки васл ва истеҳсол ва васли ин техника дар дохили кишвар имкон медиҳад, ки хариди воситаҳои нақлиёти гаронарзиши хориҷӣ кам шуда, ҷузъу томҳои сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ саривақт бо техникаи муосири ватанӣ таъмин шаванд.
Дар ин рӯз, бинои нави шуъбачаи милитсияи шаҳраки Соҳили рости шаҳри Хуҷанд низ ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои нав дорои 30 ҳуҷраи корӣ буда, бо шароити зарурии корӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Иншоот, ҳамчунин, дорои толори маҷлис бо 80 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона, ҳуҷраҳои хобу истироҳат ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Таъкид гардид, ки мавриди истифода қарор гирифтани чунин бинои замонавӣ барои боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти кормандони милитсия, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва тақвияти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамчунин, дар ин ҷо, бинои маъмурии шуъбачаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияҳои Шаҳритуси шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки бунёди иншооти мазкур дар заминаи сиёсати созандагию бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати таҳкими иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, баланд бардоштани сатҳи омодагии хизматӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои кормандон амалӣ гардидааст.
Таъмини кормандони милитсия бо шароити арзандаи корӣ барои иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, фаъолияти босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирии қонунвайронкунӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва таҳкими суботу оромӣ дар ҷомеа муҳим арзёбӣ гардид.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бунёди чунин иншооти муҳим бозгӯ аз таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар ба таҳкими заминаҳои моддию техникии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат барои кормандони милитсия мебошад.
