Бар асари сӯхтор дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар минтақаи Испечаки ноҳияи Сино 29 нафар шаҳрвандон зарарҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта: 13 нафар ба Маркази тиббии №3-и шаҳри Душанбе ва 16 нафар ба Муассисаи давлатии Маркази миллиии Шифобахш (Қарияи Боло) интиқол дода шуданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ҳамчунин хабар медиҳад, ки баъди муоинаи осебдидагон аз Маркази миллии Шифобахш 12 нафар ва аз Маркази тиббии №3-и шаҳри Душанбе 10 нафар ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд, вале аз 4 нафар ҷароҳатбардоштагон вазъи саломатии 2 нафари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.
Се нафар аз зарардидагон занони аз 47 то 25-сола мебошанд, ки ҳоли яке аз ин занҳо вазнин гузориш шудааст ва сӯхтор талафоти ҷонӣ надошт.
Пештар аз ин, ВКД бо нашри хабар гуфт, ки ҳодисаи сӯхтор бар асари риоя накардани меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ ба амал омадааст ва оташ 90 метри мураббаи нуқтаи фурӯши сӯзишвориро бо миқдори зиёда аз 60 тонна захираи маводҳои сузишворӣ фаро гирифтааст.
“Маврид ба зикр аст, ки барои бартараф намудани ҳолати баамаломада, 16 адад техникаи махсуси сӯхторхомӯшкунии ҷузъу томҳои Хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе, 13 адад техникаҳои Раёсати истифодабарии роҳҳои шаҳри Душанбе, 9 адад техникаи ёрии таъҷилӣ ва зиёда аз 50 нафар ҳайати шахсии ШВКД-и 2-и ноҳияи Сино дар ҷойи ҳодиса фаъолият карданд. Забонаи оташ ба ҳадде бузург буд, ки танҳо соати 22:12 ба пуррагӣ хомӯш карда шуд”,-омадааст дар хабари КҲФ.
Хабарнигори Радиои “Тоҷикистон” дар ҷойи ҳодиса қарор дошт ва ба иттилои ӯ ин сӯхтор, ҳамчунин ба хонаҳои гирду атроф ва мағозаҳо зарарҳои моддӣ расонид.
Гуфта мешавад, ки нуқтаи таъмини сӯзишвории “ЭКО-ОЙЛ” ба соҳибкор Розиқов Эҳсонҷон тааллуқ дорад.