Имрўз дар меҳмонхонаи «Dushanbe Serena Hotel»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои иштирокчии ИДМ баргузор гардид.
Зимни суханронии ифтитоҳии худ муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимдзода таъкид кард, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чунин ҳамоиши сатҳи баланд нишонаи эътимод ва имконияти муҳим барои идомаи муколамаи созандаву густариши ҳамкориҳои судманд дар соҳаи маориф мебошад.
Зикр гардид, ки баргузории ҷаласаи мазкур дар соли 35-солагии таъсисёбии ИДМ аҳаммияти хос дошта, дар тӯли ин солҳо кишварҳои узви Иттиҳод бо вуҷуди роҳу равишҳои гуногуни рушди миллӣ тавонистаанд робитаҳои дӯстона, арзишҳои фарҳангӣ, анъанаҳои илмию таълимӣ ва ҳамкориҳои муштаракро ҳифз намуда, барои таҳкими робитаҳои байни наслҳо заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Дар ҷараёни ҷаласа 23 масъалаи марбут ба самтҳои гуногуни рушди ҳамкориҳои кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар фарҷоми ҷаласа аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъда ва вазифаҳои марбут ба татбиқи ташаббусҳои муштарак муайян карда шуданд.
О. Шарипова
