Бо дастгирии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ» роҳҳои дохилии деҳаи Ҷарши ноҳияи Роштқалъа дар масофаи 4,5 километр ҳамвор карда шуданд.
Дар деҳаи мазкур 40 хоҷагӣ зиндагӣ дошта, беҳтар намудани ҳолати роҳҳо барои осон гардидани рафтуомади сокинон, ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ аҳамияти муҳим дорад.
Иҷрои корҳои ҳамворсозии роҳҳо дар доираи дастгирии ташаббусҳои созанда ва ободонии маҳалҳо сурат гирифта, ба беҳтар гардидани инфрасохтори деҳа мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки чунин иқдомҳои ободонӣ дар баробари беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, ба рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳои дурдасти кӯҳистон ва баланд бардоштани сатҳи дастрасии сокинон ба хизматрасониҳои зарурӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
