Сабаби сӯхтор дар бозори “Султони Кабир” муайян гардид

акс аз интернет

Субҳи 25 январи соли 2021 дар бозори «ҶДММ Султони Кабир» – и пойтахт оташ сар зада, ду айвони фурӯши молҳои пластикиро фаро гирифт.

Тавре аз ВКД хабар додаанд, ҳодиса дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳо бавуқуъ омада, ҳангоми расидани хабар ба қисми навбатдории Сарраёсати хадамоти далатии оташнишонии ВКД 16 автомашинаи оташнишонӣ бо 348 нафар корманди оташнишонӣ ва 200 корманди дастаи таъиноти махсус, РВКД дар ш. Душанбе барои таъмини тартибот сафарбар карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи андешидани чораҳои лозимӣ, оташ соати 9.30 пурра хомӯш карда шуда, зарари расонидашуда аз сӯхтор тахминан 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Инчунин, аз оташ молу маҳсулоти мардум ба маблағи зиёда аз 2 млн. сомонӣ эмин дошта шуд.

Аз тарафи дигар, сомонаи шабакаи “Садои Душанбе” бо такя ба шоҳидон гуфт, ки сӯхтор дар қисмати дохилӣ ва ҷойи фурӯши чархҳои мошинҳо сурат гирифта, оташ то макони масолеҳи сохтмонӣ нарасида аз тарафи корманони хадамоти оташнишонӣ хомӯш карда шуд.

Оид ба ҳодисаи сӯхтор парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, сабабу омилҳо ва зарари аниқи оташ муайян карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *