Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи оташбаси пурра ва хуруҷи нерӯҳо ба мувофиқа расиданд

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи оташбаси комил ва хуруҷи нерӯҳо ба мувофиқа расиданд. Имрӯз Протоколи дахлдорро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев пас аз гуфтушунидҳои ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Ботканд (Қирғизистон) ба имзо расониданд.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов зикр кард, ки имрӯз комиссияҳои делимиатсия оид ба сарҳад барои ҳалли ҳама баҳсҳои боқимонда ҷамъ омадаанд.

«Имрӯз суҳбати бисёр пурсамар бо ташаббуси сарони ду кишвар баргузор гардид. Фоҷиае, ки дар минтақаҳои наздисарҳадӣ рух дод, набояд ҳеҷ гоҳ такрор шавад. Мардум муддати тӯлонӣ ва давраи таърихӣ зиндагӣ доранд ва байни ҳам даъвое надоранд. Мо, сиёсатмадорон, бояд масъалаҳоро ҳал кунем, то халқҳоямон дар фазои сулҳ ва дӯстии анъанавӣ зиндагӣ кунанд. Дар бораи ҳалли масъалаҳо ба манфиати таъмини сулҳу субот дар сарзамини қирғизҳову тоҷикҳо созишномаи усулӣ ба даст оварда шуд. Фикр мекунам, ки мо инро карда метавонем. Мо ҳама мушкилотро ҳарчи зудтар ҳал хоҳем намуд, халқҳоямон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ хоҳанд кард ва суботи комил таъмин хоҳад шуд», — гуфт Ятимов.

Роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев тазаккур дод, ки протокол иборат аз чор банд қабул карда шуд.

«Мо протокол иборат аз чор бандро қабул кардем, ки ба манфиати ду кишвар мебошанд. Оре, имрӯз халқҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон рӯзҳои буҳронро аз сар мегузаронанд. Фоҷиа, фоҷиаи ду кишвар рух дод. Дар ин ҳангом мулоқот барои мо бисёр душвор буд, аммо бо вуҷуди ин, мо бо дастури сарони давлатҳо ин музокиротро баргузор кардем. Дар натиҷа, қарор қабул карда шуд, ки тирандозӣ комилан қатъ карда шуда, гурӯҳҳои низомӣ, ки дар наздикии сарҳад ҷойгиранд, ба ҷойҳои доимии худ бозпас гардонда шаванд. Умедворам, ки ба зудӣ дар кишварҳои мо, бахусус дар минтақаҳои наздисарҳадӣ оромӣ ҳукмфармо хоҳад буд», — гуфт Ташиев.

“Ховар”