Дар натиҷаи таркиши балони гази моеъ чанд нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохила хабар додаанд, 25 январи соли ҷорӣ дар чойхонаи «Самарқанд», воқеъ дар шаҳри Панҷакент бинобар риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ таркиши балони гази моеъ ба амал омадааст, ки дар натиҷа 12 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона дастрас карда шудаанд. Гуфта мешавад, ки талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳодиса дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳо бавуқуъ омада, дар натиҷаи андешидани чораҳои лозимӣ, оташ соати 9.30 пурра хомӯш карда шуд. Зарари расонидашуда аз сӯхтор тахминан 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.