Ҳукумати Афғонистон шумораи дақиқи толибони озодшударо эълон кард

Давлати Афғонистон ба сурат расмӣ эълом кард, ки то кунун 3 ҳазор зиндонии Толибонро озод кардааст.

Ҷовид  Файсал  сухангӯи шӯрои амнияти милли Афғонистон рӯзи 10 июн дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки давлат барои тасҳили музокироти байнулафғонӣ то кунун 3 ҳазор

зиндонии Толибонро озод кардааст. Вай  афзуд, ки тими музокиракунандаи давлат барои музокироти байнулафғонӣ  омодааст ва толибон низ бояд дар ростои сулҳ гом бардорад.

Сухангӯи  шӯрои амнияти милли Афғонистон пеш аз ин гуфта буд, ки озодӣ 2 ҳазор зиндони боқимондаи Толибон ба коҳиши хушунатҳо ва омодагии ин гурӯҳ барои пайвастан ба раванди сулҳ бастагӣ дорад.

Ин  дар ҳоле аст, ки толибон озодии ҳама 5 ҳазор зиндонии ин гурӯҳро пешшарти музокирот таъйин кардаанд, аммо давлати Афғонистон озодии ҳама ин зиндонёнро ба маънӣ аз даст рафтани бузургтарин аҳроми фишораш бар сари мизи музокира бо толибон медонад.

Бар асоси тавофуқномаи Амрико ва Толибон, давлати Афғонистон бояд 5 ҳазор зиндони толибон  ва толибон низ дар муқобил  бояд  як ҳазор зиндонӣ аз нируҳои давлатиро озод кунанд.

Дар ҳамин ҳол рӯзи 9 июн фармондеҳи ситоди артиши Покистон дар як сафари эъломнашуда вориди  Афғонистон шуд ва бо раиси ҷумҳури ин кишвар дидору гуфтугу кард.

Генерал Қамар Ҷовид Боҷво фармондеҳи ситоди артиши Покистон, дар ин сафари як рӯза бо Ашраф Ғанӣ  раиси ҷумҳури афғонистон дидор кард ва дар хусуси охирин таҳаввулоти минтақа ва бахусус мавзӯи сулҳи Афғонистон бо ӯ ройзанӣ кардааст. Дар ин дидор Муҳаммад Содиқ намояндаи ҷадиди Покистон дар умури Афғонистон низ ҳузур доштааст.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузориши расонаҳои покистонӣ, раҳбари Толибон бо оғози музокирот байнулафғонӣ  мувофиқат карда ва аз аъзои Шӯрои  раҳбарии ин гурӯҳ низ хостааст то пешниҳодоти худро барои ниҳоӣ кардани дастури кори музокироти байнулафғонӣ ироа кунанд.

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *