Аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки 12 июн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар машварати видеоии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд.
Дар машварат ҷонибҳо ҳамкории густурда ва босамари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро дар мавриди паёмадҳои бемории ҳамагири COVID-19, вазъи ҷаҳон ва самтҳои татбиқи талошҳои муштарак дар ҳалли вазифаҳои имрӯза баррасӣ карданд.
Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ тадбирҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти мунтазами Ситоди ҷумҳуриявӣ ва қабули нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати пешгирӣ ва коҳиши таъсири эҳтимолии COVID-19 ба иқтисодиётро арз намуда, аҳаммияти татбиқи барномаҳои муштарак ҷиҳати вокуниш ба буҳрони имрӯза ва сафарбарсозии манбаъҳои иловагӣ барои бартараф намудани паёмадҳои он дар минтақаро таъкид намуд.
Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеп Боррелл нақши Стратегияи нави Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2021-2027-ро, ки ҳафтаи сипарӣ қабул шудааст, ҷиҳати густариши муносибатҳо дар заминаҳои гуногун ва ҳамкорӣ дар бартарафсозии паёмадҳои COVID-19 ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои муҳим арзёбӣ намуд.
Мусоҳибон бо ситоиш аз дастгирии мутақобили ҳукуматҳо дар расонидани кумакҳои башардӯстона қайд намуданд, ки муборизаи дастаҷамъона бо дарназардошти равандҳои ҳамгироӣ ва пайвандҳои маҳками иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар минтақа пас аз бастани марзҳо, ки ба хотири пешгирии беморӣ сурат гирифт, саривақтӣ мебошад.
Дар амри таъмини сулҳу субот ва беҳтар гардидани вазъи амниятӣ дар Афғонистон татбиқи лоиҳаҳои бузурги иқтисодӣ ва нақлиётии минтақавӣ муҳим дониста шуд.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин дар атрофи масъалаҳои омодагӣ ба нишастҳои навбатӣ дар чаҳорчӯби ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, раванди татбиқи тарҳҳои муштараки авлавиятнок, рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак сурат гирифт.