Роҳбарони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷиҳати пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар сарҳад мулоқот намуданд.
Ҳамчунин, дар мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои ҳалли саривақтии обёрии заминҳо, бе дахолати мақомоти қудратӣ ва дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ ҳал намудани муаммоҳои ба миён омада дахолат карда, ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд масъалаҳо ҳар ҳафта дар сатҳи роҳбарони ноҳияҳо ва моҳе ду маротиба дар сатҳи раисони вилоятҳо баррасӣ карда шаванд.
Тавре сомонаи мақомоти вилояти Суғд менависад, ҷонибҳо барои ба ҳолати аввала бозгардонидани робитаҳои минтақаҳои наздисарҳадӣ омодагии худро изҳор намуда, зикр доштанд, ки равуо ва доду гирифти молу маҳсулот чун солҳои пеш ба роҳ монда шавад.
Вале бояд гуфт, ки дирӯз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ бо интишори як изҳорот хабар дод, ки 28 апрели соли 2021, соати соати 16:00 дақиқа дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркўҳи шаҳри Исфара дар байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муноқишаи сарҳадӣ рух дод. Шаҳрвандони Қирғизистон ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон ба сангпартоӣ пардохтанд ва дар натиҷа 7 сокини Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Ба иттилои марказ, аз ҷониби Қирғизистон дар байни сокинони барои таҳрики муноқиша сафарбаршуда, хизматчиёни воҳидоти таъйиноти махсус бо либоси шаҳрвандӣ бар зидди сокинони осоиштаи маҳаллии тоҷикзабон истифода шуданд.