Баъд аз омадани Усмон Тошев ба маснади сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон бо иллатҳои номаълум Фатҳулло Фатҳуллоев дигар ба тими мунтахаб даъват нагардид. Албатта, шояд барои нафаре, ки солҳои зиёд баҳри ҳифзи шаъну шараф ба майдони сабз баромада, дар муаррифии футболи тоҷик нақше дошт, ин тасмим руҳшикан буд, аммо Фатҳулло Фатҳуллоев мегӯяд, зид набаромад.
“Чаро ки пироҳани тими миллиро ба бар кардан ва ба майдон баромадан кори саҳл нест. Вале то ҳаде, ки тавонистам дар майдон ба ҷаҳониён футболи тоҷикро нишон додам. Аз ин пас ҳам омодаам”, – гуфт ӯ дар радиомаҷаллаи “Ҷавонон ва ҷомеа”-и Радиои “Тоҷикистон”.
Бисёриҳо ҳадс мезананд, ки Фатҳулло Фатҳуллоев бо иллати синнусолӣ ба ҳайат шомил нагардид, лекин ин варзишгар 31 сол дошта бошад ҳам, мегӯяд худро чун ҷавони 25-сола эҳсос мекунад. Ё ба ибораи дигар, чаро бозингари кунунии бошгоҳи “Миллан” Златан Ибрагимовичи 39-сола дар ҳайати тими миллии Шветсия боқист?
Бояд гуфт, ки дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар ин шабу рӯз бо пирӯзиҳояш ба яке аз бошгоҳҳоии муқтадири Осиё мубадал гашта, футболи меҳанро ба баландтарин ҷойу ҷалол расонида истодааст. Фатҳулло, ки нисфи фаъолияти футболбозиашро дар ин бошгоҳ гузаронидааст, мегӯянд, ки ин даста барои ман ҳамчун хонавода боқӣ мемонад. Рақобати олии бозингарони ин клуб ба ман илҳом мебахшаду ман бо онҳо ифтихори бузург дорам.
Хотирасон мекунем, ки Фатҳулло Фатҳуллоев бозингари кунунии “Ченайн”-и Ҳиндӯстон буда, баъд аз анҷоми мусобиқоти Суперлигаи Ҳиндӯстон хамчун иҷора ба “ЦСКА”-и Душанбе омада, айни замон дар Лигаи Олии кишвар ҳунарнамоӣ дорад. Ин ситораи саршиноси футбол собиқ сарбони тими мунтахаби футболи меҳан буд. Ӯ ҳамчунин, дар дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе, “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, “Бухоро”-и Ӯзбекистон хунарнамоӣ карда, тӯли ин солҳо тавонистааст аз пироҳани ин бошгоҳҳо дифоъ намояд.
Зиёвиддин Назаров,
Радиои “Тоҷикистон”