Дар поёни ин ҷаласа нишасти изтирории Кумитаи иҷроияи Созмони ҳамкории исломӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ дар шакли видео конфронс бо судури баёнияе ҳушдор доданд, ки дар сурати илҳоқи ҳар бахше аз Фаластин ба сарзаминҳои ишғолӣ, Исроил масъули паёмадҳои ин иқдоми истеъморӣ аст. Дар ин баёния таъкид шудааст, ки созмони ҳамкории исломӣ иқдомоти сиёсӣ ва ҳуқуқи лозимро барои муқобила бо таҳдидоти Исроил анҷом хоҳад дод.
Рӯзи 10 июн нишасти изтирории Кумитаи иҷроияи Созмони ҳамкории исломӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ дар шакли видео конфронс баргузор шуд. Ин ҷаласа ҷиҳати баррасии таҳдидҳои Давлати Исроил дар мавриди илҳоқи бахше аз заминҳои Фаластин баргузор гардид.
Тоҷикистонро дар ин нишаст Музаффар Ҳусейнзода муовини вазири корҳои хориҷӣ намояндагӣ кард. Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ҳангоми суханронӣ дар ин ҷаласа аз Фаластин ва Исроил даъват намуд, то музокироти мустақимро аз сар гирифта, аз ҳар гуна амалҳое, ки ба сулҳу субот дар минтақа осеб мерасонанд, худдорӣ кунанд.
Инчунин ҷиҳати дарёфти роҳи ҳалли созанда ва одилонаи қазияи Фаластин бар пояи қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид, усули пазируфта, ҳуқуқи байналмилалӣ ва Ташаббуси сулҳи арабӣ ҳамкорӣ намоянд. Созмони ҳамкории исломӣ дар баёнияи худ зимни ҳимоят аз тасмимот раҳбарон Фаластин дар муқобила бо иқдомот ишғолгарона Исроил афзудааст: «иқдомот якҷонибаи Телавив раванди сиёсӣ барои ҳалли масъалаи Фаластинро, ки асоси он ташкили ду давлати мустақил аст, аз миён мебарад». Ин баёния ҳамчунин нисбат ба хатарот ва паёмадҳои сангини ин иқдом Исроил ва таъсир он бар амният ва суботи минтақа ва дигар манотиқ ҷаҳон ҳушдор дод ва аз ҷомеаи ҷаҳони хост то тамоми созукорҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии лозимро барои масъулиятпазирӣ, посухгӯ кардани Исроил ва муҷозот он ба хотири нақзи батакрори қатъномаҳо ба кор бигирад.
Ёдовар мешавем, ки давлати Исроил дар ҷанге, ки 5 июни соли 1967 оғоз шуд, каронаи бохтарии руди Урдун, Байтулмуқаддаси шарқӣ, навори Ғазза ва баландиҳои ҷавлони Сурияро ишғол кард. Давлати Исроил ахиран эълом кард, ки қасд дорад ба зуди бахшҳое дигаре аз каронаи бохтарии рӯди Урдунро, ба ишғол дароварда ба қаламрав худ замима кунад.