Равобити Амрико ва Олмон пас аз ба сари қудрат омадани Президенти Амрико Доналд Трамп ва мавқеи Кохи сафед нисбат ба баъзе аз кишварҳои аврупоӣ то андозае рў ба сардӣ овардааст. Гоҳ-гоҳе байни Доналд Трамп ва Ангела Меркел дар ҳалли баъзе аз масъалаҳои байналмилалӣ, ки дар он нақши Вашингтон ва Берлин калидӣ аст, ихтилофи назарҳои ҷиддӣ ба вуҷуд меояд, ки ба назари коршиносон мумкин аст, ба халадор гардидани тартибу низоми ҷаҳон таъсири манфӣ расонад.
ИМА ва Олмон ҳанўз аз солҳои қабл ва замони ҷангҳои якум ва дуюми ҷаҳон чандон робитаи нек надоштанд ва ин равобит ба хотири ҳифзи манфиатҳои ин кишварҳо дар давлатҳо ва минтақаҳое, ки онҳоро зери тасарруфи худ дароварда буданд, тира буд. Бо гузашти солҳо пас аз мағлубияти Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ давлатмардони Вашингтон ва Берлин талош карданд, ки байни якдигар муносиботи хуб барқарор намоянд. Ин равобит то андозае беҳтар гардид, гарчанде дар баъзе масъалаҳои байналмилалӣ мавқеи ин давлатҳо гуногун буданд, аммо дар маҷмўъ, байни ду кишвар робитаи нисбатан нек барқарор буд.
Аз сўи дигар, узвияти ИМА ва Олмон дар Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ ё ба истилоҳ НАТО барои ҳифзи манофеи миллии муштараки ин давлатҳо дар кишварҳое, ки НАТО нуфуз дорад, шароити муносиб фароҳам овард. Албатта, бо иваз шудани роҳбарони аввали ИМА ва Олмон дар давоми солҳои пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба муносиботи арсаҳои гуногуни ин кишварҳо таъсири манфӣ ва ё мусбат низ мерасониданд. Ин равобит аз шеваи сиёсати пешгирифтаи сарони ин кишварҳо вобастагии сахт дошт.
Агар, фарзи мисол, ИМА нисбат ба фаъолият ва амалкарди кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо дар ҳалли масоили байналмилалӣ ва ё барқарории робитаи ҳасанаи ин давлатҳо бо кишварҳое, ки Амрико нисбат ба онҳо таҳрим ҷорӣ кардааст, эрод гираду вокуниши шадид нишон диҳад, ҳатман дар иваз маҳз аз Олмон бо вокуниши мушобеҳе рў ба рў мешавад.
Ин шеваи фаъолият ва ё рафтори Олмон аз он шаҳодат медиҳад, ки Берлин лидери асосӣ дар Иттиҳоди Аврупо мебошад ва метавонад, ки аз номи ҳамаи кишварҳои аъзои он аз иттиҳоди мазкур ба ҳар шакле набошад, дифоъ кунад.
Ба назари аксари таҳлилгарон, сиёсати пешгирифтаи Президенти Амрико Доналд Трамп нисбат ба ҳамаи кишварҳо мумкин аст, ки роҳро барои ин сиёсатмадор ҷиҳати маротибаи дуввум дар мақоми Президенти Амрико фаъолият карданаш бандад. Зеро, ба гуфтаи онҳо ҷомеаи аврупоӣ аз шеваи рафтор ва муносибати ў бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо розӣ нестанд. Аз сўи дигар, мардуми Амрико низ хостори он ҳастанд, ки кишварашон бо тамоми давлатҳо робитаи нек дошта бошад, то дар оянда барои ҳамаи давлатҳо мушкили ҷиддие пеш наояд.
Бо тавваҷҷуҳ ба он, ки Олмон аз номи ҳамаи кишварҳои аврупоӣ дар ҳамаи масъалаҳои байналмилалӣ ҳарфи аввалро аз номи Иттиҳоди Аврупо мезанад, баҳсу баррасӣ ва танишҳои лафзӣ бештар байни ИМА ва Олмон ба вуҷуд меоянд. Дар ин замина, Амрико низ барои ба қавле «дар ҷояш шинондан»-и Олмон як-як имтиёзҳои пешниҳоднамудаашро аз ин кишвар кам мекунад.
Дар шароити имрўза, ки ҷаҳон алайҳи душмани муштараки худ-коронавирус дасту панҷа нарм мекунад, Амрико аз Олмон тақозои ворид кардани маблағи бештар ба буҷети НАТО-ро кардааст. Чун ин дархости Вашингтон то имрўз аз ҷониби Берлин иҷро нашудааст, Доналд Трамп ба Вазорати дифои кишвараш дастур додааст, ки шумораи нерўҳои низомии Амрикоро, ки дар ҳудуди Олмон қарор доранд, то моҳи сентябри соли ҷорӣ коҳиш диҳад. Бояд гуфт, ки ҳоло дар Олмон зиёда аз 34 ҳазор сарбози амрикоӣ мавҷуд ҳастанд. Шартномаи ҷой додани сарбозони Амрико дар Олмон дар баробари тасмими собиқ Иттиҳоди Шўравӣ дар мавриди ташкил намудани пойгоҳи низомии ин иттиҳод дар ин кишвари аврупоӣ бо Берлин баста шудааст ва ин сарбозон то имрўз дар Олмон мустақар мебошанд, то дар ҳолати ба вуҷуд омадани ҳаргуна хатар аз ҷониби он замон Иттиҳоди Шўравӣ ва имрўз Русия алайҳи ин кишвар нақши дифоӣ дошта бошад.
Ҳоло ки байни Амрико ва Олмон дар масъалаи пардохти маблағи будубоши неруҳои амрикоии мавҷуд дар ин ҷумҳурӣ танишҳои лафзӣ ба вуҷуд омадааст, Доналд Трамп ба Вазорати дифои кишвараш дастур додааст, ки то моҳи сентябри соли ҷорӣ 10 ҳазор сарбози амрикоиро аз Олмон хориҷ кунад. Гуфта мешавад, ки бархе аз ин сарбозон ба кишварҳои дигар мунтақил мешаванд ва қисми дигар низ ба Амрико бармегарданд.
Мутахассисони соҳаи низомии Амрико низ аз ин тасмими Садри Кохи сафед дифоъ карда, гуфтаанд, ки имрўз Олмон ба сарбозони амрикоӣ ниёзи камтар дорад ва аз сўи дигар, мавҷуд будани шумораи зиёди неруҳои амрикоӣ дар ин кишвар аз рўи мантиқ нест.
Ин дар ҳолест, ки Президенти ИМА борҳо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупоро, ки узви НАТО ҳастанд, барои саҳми камтар доштанашон дар маблуағгузорӣ ба буҷети он мавриди танқид қарор дода, гуфтааст, ки Амрико дар таъмини маблағҳои НАТО саҳми ноодилона дорад ва кишварҳои аврупоии узви ин созмон бояд саҳми бештаре дар пардохти маблағ ба буҷети он дошта бошанд ва буҷети мудофиавии худро афзоиш диҳанд.
Дар баробари он, ки Вашингтон ва Берлин равобити чандон хуб надоранд, Садри аъзами Олмон Ангела Меркел даъвати Президенти Амрико Доналд Трампро барои иштирок дар ҷаласаи навбатии кишварҳои ҳафтгонаи бузург ё ба истилоҳ «Гурўҳи G7», ки дар охирҳои моҳи ҷорӣ дар Амрико баргузор мегардад, ба далели эҳтиёт аз сирояти корнавирус рад кард. Президенти Амрико аз ин тасмими бону Меркел нороҳат шуда, зимни интиқод аз ў ва масхара аз Гурўҳи G20 ин клуби иқтисоди бузурги ҷаҳонро «қадима» арзёбӣ кардааст.
Охири тасмими ду қудрати ҷаҳонӣ-Амрико ва Олмон ба хотири дифоъ аз манофеи худ дар минтақа ва ҷаҳон, новобаста аз узви созмони НАТО будан, ин аст, ки ин кишварҳо ҳамеша байни худ рақобат мекунанд, то дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи мустаҳкам дошта бошанду дар ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ маҳз мавқеи онҳо ҳалкунанда бошад. Чунин тасмим омили асосии ба коми манфиатҳои шахсӣ фурў рафтани манофеи умумибашарӣ мегардад, ки барои назму тартиб ва амнияти ҷаҳон паёмади ногувор дорад.
Аҳлиддин Салоҳзода, шореҳи
сиёсии Радиои Тоҷикистон