Пахта-зироати муҳими стратегӣ

Пахтакорӣ бахши сердаромади соҳаи кишоварзии мамлакат буда, рушди он барои таъмини соҳаи саноат бо ашёи хом, бо ҷойи кор таъмин намудани мардум ва тақвияти иқтисодиёти мамлакат  нақши муҳим дорад.

Имсол тибқи дурнамо дар мамлакат дар 191 000 гектар чигит кишт мешавад. Соли 2020 дар майдони 186 155 гектар кишти чигит гузаронида шуда буд, ки нисбат ба як соли пеш (2019)  484 гектар зиёд буд.  Кишоварзон порсол   409 ҳазору 477 тонна ва ё нисбат ба соли 2019   ба андозаи 1,6 фоиз зиёд ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд

Кароматулло Саидов сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки айни замон кишти пахта дар кишвар бомаром идома дорад.

Пахта зироати муҳими стратегиву сердаромад  буда, нисбат ба зироати дигар  аз он фоидаи бештар ба даст меояд. Саидҷамол Саидзода, доктори илмҳои кишоварзӣ мегӯяд, ки метавон бо коркарди он соҳаи саноатро таҳким бахшиду ҷойҳои нави корӣ эҷод намуд.

Коршиносон ба ин назаранд, ки дар ҷомиаи муосир беш аз 100 кишвар ба кишт ва содироти пахта сарукор доранд. Танҳо кишвари Ҷумҳурии мардумии Чин ҳамасола беш аз 4 миллион гектар пахта кишт менамояду дар баробари содироти миллионҳо тонна пахта ба хориҷа боз ба хотири коркарди нахи пахта аз бозори ҷаҳонӣ пахта харидорӣ менамояд. Ба ибораи дигар соҳаи пахтакорӣ саноатро рушд мебахшад.

Таърих пахтакории кишвар гувоҳ аст, ки солҳои 80-уми садаи  XX дар  Институти зироаткории Тоҷикистон таҳти роҳбарии профессор Домуллоҷонов ва  академик  Ҷумонқулов  аз ҳар гектар 85-90 – сентнерӣ  пахта ба даст оварда буданд.   Аммо барои имрӯзиён ба даст овардани  ин миқдор ҳосил аз афсонае беш нест.

Бино ба назари коршинос Саидҷамол Саидзода яке аз сабабҳои паст шудани ҳосилнокии пахта дар ҷумҳурӣ ин тағйирёбии иқлим, нарасидани нуриҳои минералию органикӣ, махсусан нуриҳои фосфорӣ ва калий ва риоя нагардидани агротехникаи парвариши пахта мебошад.

Ба боварии соҳибназарони соҳа барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳи пахта бояд аз тухмиҳои ватанӣ истифода бурд. Доктори илмҳои кишоварзӣ Саидҷамол Саидзода мегуяд, ки таҷрибаҳо собит намуданд, ки кишти тухмиҳои ватанӣ ба деҳкон имкон медиҳад, ки ҳосили баланд ба даст орад.

Бале, имрӯз моро мебояд, ки аз имконоти мавҷуда истифода намоему  агротехникаи парваришу интихоби тухмиро дуруст роҳандозӣ кунем. Чун  кишвари мо кӯҳсор асту  имкони бемайлон васеъ намудани  майдони кишти пахтаро надорад,  беҳтар он аст, ки  ҳосилнокиро тавассути риояи корҳои агротехникӣ ва кишти навъҳои минтақабоби пахта баланд бардорему ҳадафи чоруми ҳукумат-саноатикунонии кишварро тақвият бахшем ва ба ин васила сафои зиндагиро таъмин намоем.

Муродулло Раҳимов,

Радиои «Тоҷикистон»