Чин аввалин чипи универсалии насли шашум (6G) дар ҷаҳонро муаррифӣ кард

Чин аввалин чипи универсалии насли шашум (6G) дар ҷаҳонро муаррифӣ кард, хабар медиҳад 24KZ. Дастгоҳ метавонад интернети баландсуръатро дар ҳама басомадҳо таъмин намояд. Ба гуфтаи олимон, технология суръати хидматрасониро нисбат ба сатҳи кунунии интернет панҷ ҳазор маротиба зиёд мекунад. Масалан, як филми хушсифати 50 гигабайтро дар чанд сония интиқол додан мумкин аст. Дар ҳамин ҳол, коршиносони фаннӣ бар ин назаранд, ки шабакаи бесим муҳити электромагнитиро аз ҳад зиёд пурбор карда, эътимоднокии пайвастҳоро коҳиш медиҳад. Ин иқдом пеш аз ҳама ба сокинони манотиқи дурдасти Чин нигаронида шудааст.