Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар бозии муҳим, дар вохӯрии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё — 2026 аз ҳамсолони филиппинии худ шикаст хӯрданд.
Бозии даври дуюм, дар гурӯҳи «К» шоми гузашта дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сурат гирифт, ки ба иттилои ФФТ ин дидорро зиёда аз 5000 мухлис аз наздик тамошо карданд.
Вохӯрӣ бо задани як гол аз ҷониби бозигарони Филиппин ба охир расид. Дар бозии дигари гурӯҳ Сурия бар Непал бо ҳисоби 4 бар 2 зафар ёфт. Ҳамакунун баъди 2 давр Сурия бо 6 имтиёз пешсафи гурӯҳи «К» гардида, Филиппину Тоҷикистон бо 3 имтиёзӣ дар мавқеъҳои 2-юму 3-юм ҷой гирифтанд. Непал бе имтиёз аст.
Рустам Зоиров
радиои «Тоҷикистон»